ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ШОМИЛШАВӢ БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

Данғара:  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара санаи 15 - уми апрели соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” – и ноҳияи Данғара миёни хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҷабализода Ҳокималӣ вохӯрӣ  доир гардид. Раҷабализода Ҳокималӣ мудири шуъбаи кор  бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара,  дар бораи тарбияи насли наврас, таҳкиму тақвият бахшидан ба раванди таълиму тарбия, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, бархӯрд ва омӯзиши тамаддунҳову фарҳангҳо, хело мушкил шудааст. Таҳлили воқеаву ҳодисаҳои ҷаҳони муосир, муноқишаҳои мусаллаҳонаи бисёр давлатҳо нишон медиҳанд, ки қувваҳои ғаразноки сиёсӣ, аз он ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, метавонанд дар ҳар соату дақиқа фазои орому осудаи дилхоҳ кишвару минтақаро халалдор намоянд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо умуман ҳар як ҷавонони имрӯзаро шарт ва зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар талоши ватанхоҳона дошта бошанд, худшиносу худогоҳ ва ҳамқадами замони муосир бошанд. Инчунин, оид ба оид ба масъалаҳои интихоби касб, истифодаи дурусти телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суҳбат гузарониданд.