ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ -ИФТИХОРИ МАН!

Ҷ.Балхӣ:  

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии таъсисиёбии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия, иқдоми ҳизбӣ зери унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ ифтихори ман” баргузор гашта истодааст. Мақсад аз баргузории иқдоми зерин, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани нуфузи ин ҳуҷҷати ҳизбӣ мебошад. Бо ин мақсад санаи 16 апрели соли 2024 масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳия аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дидан намуда ба якчанд нафарон аз ташкилотҳои ибтидоӣ Шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим намуданд. Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи худро пайдо намудааст. Масъулин инчунин оид ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва бандҳои Оинномаи ҲХДТ ва ташаббусҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуданд.