МАВЛОНО ДАР МАСНАВИИ МАЪНАВИИ ХУД МЕФАРМОЯД

Ҳамадонӣ: Андеша  

Мавлоно дар Маснавӣ мегуяд:

Нафаре сӣ сол дар бозор машғули тиҷорат шуд ва сарвати азиме ба даст овард ва аз тарқи ин сарват, замини калонеро харидорӣ кард. Сипас рафт ва сӣ соли дигар кор кард ва боз ҳам сарвати калоне ба даст овард ва бо он сарват кохи муҷаллое сохт.

 

Замоне, ки мехост ба он кох нақли макон кунад, маъмурон ва шаҳрдорон ба ӯ гуфтанд, ки замини ту каме аз ин ҷо дуртар будааст ва иштибоҳан кохро дар замини каси дигар сохтаӣ.

 

Яъне ин фард, заминеро, ки замини худаш буд, мадди назар карда буд ва ҳар чи сарват дошт, дар замини дигаре харҷ кард ва онро обод намуд.

 

Мавлоно бо ин достон мегуяд, ки ману шумо ҳам ҳамин гуна ҳастем. Мо як замин дорем бо номи "бадан" ва замини дигаре бо номи "рӯҳ". Мо фикр мекунем, ки бадани мо замини мост ва ҳар чи дорем харҷи он мекунем. 

 

Аммо вақте, ки мемирем, ба мо мегуянд, ки замини шумо он дигаре будааст, яъне рӯҳи шумо. Мо ба иштибоҳ танпарварӣ кардему баданҳоро обод кардем, аммо рӯҳи худро фаромӯш кардем.

 

Дар замини дигарон хона макун,

Кори худ кун, кори бегона макун

Кист бегона, тани хокии ту,

К-аз барои ӯст, ғамнокии ту.

Таҳияи Бахтзода Ҷомӣ мудири Шӯъбаи иттилоот ва таблиғот