ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР МЕБОШАД

Қубодиён: Вокуниш  

Падидаи даҳшатангези экстремизм ва терроризм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи донишмандону  сиёсатмадорон ва ҳам қишрҳои гуногуни ҷомеаи башарӣ қарор гирифтаст. Ин вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, ба яке аз мушкилоти аввалиндараҷа ва глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

    Инчунин хоинони Ватан  мақсадҳои  нопоки худро  дар заминаи паҳн намудани ахбороти дурӯғин ё бофташуда, ки аслан барои паст намудани шаъну шарафи имиҷҳои сиёсӣ, элитаҳои сиёсии ҷомеа ба кор мебаранд. Онҳо пеш аз ба вуҷуд овардани исён, ба тағйир додани боварии мардум нисбат ба ҳокимият даст зада, мехоҳанд мардумро зидди давлату ҳокимият равона намоянд, ки ин дар асоси мағзшӯӣ ва аз байн бурдани фаҳми воқеии мардум доир ба дарки дурусти воқеият ва моҳияти масъала дар шабакаҳои интернетӣ сурат мегирад. Дар фазои маҷозӣ онҳо бисёртар аз ахборотҳо истифода намуда, дар ҷойи холигии мафкураи мардум, махсусан қишри осебпазири ҷомеа наврасону ҷавонон, ки тавассути наворҳои ҷолибу бофташуда дар маркази таваҷҷуҳ ва диққати васеи онҳо қарор мегиранд, тухми нифоқу нобовариро нисбат ба ояндаи давлату ҳокимият мекоранд. Инро метавон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бобати коста шудани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва поймолнамоии ҳуқуқҳои маънавии шаҳрвандон аз ҷониби гурӯҳҳои иғвогар ва ифротӣ пай бурд.

    Дар асоси назарияи ҳуқуқӣ терроризм – ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ҳуқуқҳои одамонро поймол намуда, дар маҷмуъ ба ҷамъият хатари маргу нобудшавиро падид меорад.

    Аз ҳама ташвишовар ва хатаровараш ин аст, ки барои ба мақсад расидан ва амалӣ сохтани ҳадафҳои сиёсии худ, гурӯҳҳои ифротӣ ва иғвогар бе ба инобат гирифтани майлу хоҳиши инсоният аз тамоми роҳу воситаҳои таҳмилии ғайриинсонӣ, ки роҳбарони пасипардагии онҳо барои онҳо маблағгузориву тарҳрезӣ менамоянд, сиёсати таҷовузкоронаи худро амалӣ менамоянд. Дар асл онҳо барои ба мақсад расидани хоҷагони пасипардагиашон хизмат намуда, худро қурбони ҳадафҳои носанҷидаву носаҳеҳ ва норавшану нопоки онҳо месозанд.

    Ҳамин гуна сабабҳо боиси он гаштаанд, ки имрӯз ин масоили ба ҷомеа хатарноку ташвишовар ҷаҳонро сахт нигарон ва ба ташвиш андохтааст. Пайвастшавии ҷавонону наврасон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мушкилоти ҷомеаи муосир буда, аз паст будани сатҳи худшиносву худогоҳӣ ва инсондӯстии чунин гурӯҳи инсонҳо шаҳодат медиҳад.

     Мо, ҷавонони кишвар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати татбиқ ва иҷрои он, инчунин баҳри ҳифзи сулҳу субот ва амну осоиштагии кишварамон, ки дастоварди бузурги истиқлолият, неъмати гарону ноёфтанӣ ва аз ҳама дороиву сарватҳои дунё болотар буда, миллату давлати маҳбубамонро шуҳратёр гардонидааст, кӯшишҳо ба харҷ медиҳем. Хушбахтем аз он ки дар Тоҷикистони озоди хеш бофароғат умр ба сар бурда, аз неъматҳои фаровони истиқлолияти миллӣ баҳра мебарем.

    Мо ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раисии Муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, намегузорем, ки вазъияти ороми кишвар халалдор гардад ва миллати тоҷик  тӯъмаи ин “оташ” гарданд.

    Бо меҳнату талош ва заҳмати фидокоронаи хеш алайҳи гурӯҳҳои ифротгаро мубориза бурда, амалҳои инсонбадбинонаи онҳоро маҳкум мекунем ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ тарбия менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Сарвари давлатро дастгирӣ мекунем.

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Музаффаров Иззат