САНОАТИКУНОНӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

9 апрели соли ҷорӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодии вилоят, ҷараёни кишту кори баҳорӣ, нақшаю тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар корхонаи нави саноатӣ таҷҳизоти гармидиҳӣ (радиатор), дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор истеҳсол карда мешаванд.

Дар саросари ҷумҳурӣ “Титан 8888” аввалин корхонаи истеҳсолкунандаи таҷҳизоти гармидиҳӣ ва чароғакҳои равшанидиҳанда (прожектор) ба ҳисоб рафта, дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин ташкили ҷойҳои кории нав иқдоми муҳиму саривақтӣ мебошад.

Ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Саиди Фитр чун оини неки аҷдодони мо, ба дидорбинии ятимону бепарасторон рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо бархурдор гардиданд, ки ин бори дигар шаҳодати сиёсати ятимпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат ба шумор меравад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наврасони ятим, ки аз шаҳрҳои Гулистону Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҷамъ омада буданд, саломатии бардавом, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу намуда ба онҳо тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Боиси хурсандӣ ва ибрату таҳсин аст, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ, ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ва шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор ғамхорӣ зоҳир намуда, пайваста ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.

Инчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бо коргоҳи истеҳсоли “Ванадий” ки аз солҳои 80-ум инҷониб бе кор буд, пас аз анҷоми корҳои навсозӣ ва барқарорсозӣ шинос шуданд. Корхонаи мазкур дар асоси ашёи хоми воридотӣ фаъолият намуда, ҷиҳати рушди соҳаи саноат ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда роҳандозӣ шудааст. Бояд гуфт, ки зиёд гардидани корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ дар қаламрави мамлакат ҷиҳати ба кор таъмин намудани аҳолӣ ва хубтару беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии онҳо заминаи мусоидро фароҳам меоварад. Дар коргоҳи мазкур низ 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор гардида, бо маоши хуб таъмин шудаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Мусаффо”-ро мавриди истифода қарор доданд. Бояд гуфт, ки муассиса барои 120 нафар кудак пешбинӣ гардида, 30 нафар мураббӣ ба тарбияи кӯдакону наврасон ба кор ҷалб гардидаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони муассиса ва мураббияҳо дастур доданд, ки бояд дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми арзанда гузоранд, то дар оянда шогирдони онҳо барои пешрафти Тоҷикистон хизмат намоянд.Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар, сол то сол корхонаҳои саноативу истеҳсолиро дар қаламрави мамлакат бо суръат сохта ба истифода дода истодааст. Дар доираи сафари мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муосир-пласт” оғоз бахшиданд. Иншооти мазкур аввалин корхона дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти худро пурра ба истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот равона намуда, дар як сол иқтидор дорад, ки аз 20 то 60 млн. дона маҳсулоти пластикӣ истеҳсол намояд. Бояд тазаккур дод, ки пештар аз ин маҳсулотҳои пластикӣ аз қабили қолаб барои зарфҳои яккаратаи пластикӣ, барои шириниҳо, нушокиҳо, тармеваю хушкмеваҳо ва дигар маҳсулотҳои шириву қаннодӣ аз хориҷи мамлакат ворид мегардиданд, ва бо сохта ба истифода додани корхонаи мазкур воридоти маҳсулотҳои болозикр тадриҷан камтар шуда, сатҳи зиндагии мардум ба ин васила хубтару беҳтар мегардад.Ҳамзамон, дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистони вилояти Суғд коргоҳи коркарди моҳӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда, тавоноии он дар як рӯз ва дар як баст коркарди 1 тонна моҳӣ ва истеҳсоли беш аз 5000 қуттӣ консерваи моҳӣ мебошад. Иншооти соҳаи саноат дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Таъминоти моҳӣ” аз ҷониби ҷамъияти дорои масъулияти Корпаратсияи “Моҳии тоҷик” дар ҳамкорӣ бо Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муҳими стратегӣ саноатикунонии босуръат ва таъмини амнияти озуқаворӣ қадами устувор аст.Зимни мулоқот бо фаъолони вилоят Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷагирӣ карда, оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва вазъи зудтағйирёбандаву мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуданд.

Шоҳрух ҲАМИДОВ,

директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии хизматчиёни давлатии Академия