БӮЙИ СУЛҲИ ОРИЁН ОЯД ҲАМЕ.....

Ҳамадонӣ: Вокуниш  

Дар заминаи сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд.Ҳар як сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои кишвар самарабахш буда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии мардум таъсири худро мерасонанд. Ин абармарди сиёсат бо муҳаббат ва садоқати беандозаи ватандӯстиашон, бо баҳои ҷон ба боварии мардум сазовор шуданд.Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ бо шарофати иқдомҳои беназирашон дар дили халқу миллат маскан гирифтаанд. Ҳимматбаландӣ ва ташаббускории ин марди хирад буд, ки халқи тоҷик бо неруи тозаву созанда, баҳри ободии Ватани азизу маҳбубамон камари ҳиммат баста, то ба ин рӯзҳои нек расидем. Аз ҳамаи ин пешравиҳо халқи тоҷик сарбаланд гаштаву баҳри амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ҳамчунин баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон: таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар беш аз пеш, кӯшиш мекунанд.

Бӯйи сулҳи ориён ояд ҳаме,

Пешвои тоҷикон ояд ҳаме.

Шоҳи мо меҳмон набошад дар Ватан,

Назди Мардум ҳар замон ояд ҳаме.

Ин навбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мулоқот бо сокинон, иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, нақшаю тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, ба истиқболи ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.Зимни ин сафар Пешвои муаззами миллат оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва вазъи зудтағйирёбандаву мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуданд. Таъкид намуданд, ки вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор менамояд, ки аз ҳарвақта дида, бештар кору фаъолият намоем ва барои пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тамоми захираву имкониятҳоро истифода барем.Дар чунин вазъият набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем. Мо бояд кӯшиш намоем, ки бозичаи дасти давлатҳои манфиатҷӯ нагардем. Аз ҳамин лиҳоз, мо бояд доимо ваҳдати миллӣ ва якдилии худро нишон дода, онро нигоҳ дорем ва неруи ҷисмониву зеҳнии худро беш аз пеш, ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон равона созем.Сарвари давлат иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти кишвари мо, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ идома дошта, илова бар ин, шиддат гирифтани низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни дунё низоми муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла иқтисоди миллии моро зери таъсир қарор дода истодааст.Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки мардум бо истифода аз табиати мусоиди кишвар тамоми захираву имкониятҳоро барои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат сафарбар созанд ва истифодаи самараноки онҳо, хусусан, обу заминро таъмин намоянд.Ҳамчунин хотирнишон намуданд, ки солҳои охир бинобар омилҳои пешгӯинашаванда, бахусус, тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он - камобиву хушксолӣ, инчунин, болоравии нархи маҳсулоти озуқа таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ торафт мушкил гардида истодааст.Чунин ҳолат моро водор месозад, ки дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҳар як оила сар карда, то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиву корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем.Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муосир-пласт” оғоз бахшиданд. Иншооти соҳаи саноат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бо навтарин технологияи истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бунёд гардида, иқтидор дорад, ки дар як сол аз 20 то 60 млн. дона маҳсулот истеҳсол намояд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои корхона иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти рушди соҳаи саноат намунавӣ арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки дар доираи “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бояд шумораи чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар мамлакат зиёд карда шавад ва ин роҳи муҳими афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини сокинон бо ҷойҳои корӣ мебошадТоҷикистони азизи мо имрӯз тарҳи бузургтарин гӯшаи ҷаҳонро ба худ мегирад. Воқеан дар тарҳу симову сурати Тоҷикистон падидаҳои бузурги фарҳанги шаҳрдории классикӣ ва ҷаҳони муосир муҷассам аст. Қоматафрозии биноҳои баландошёнаи дорои унсурҳои фарҳанги миллӣ ва муосир, меҳмонхонаҳо бо муаррифии падидаҳои миллӣ ва хидматрасонии сатҳи баланд, боғҳои фарҳангӣ, варзишгоҳу муассисаҳои маорифу тандурустӣ, кохҳои фарҳангии муҷаҳҳаз ба воситаҳои ҷавобгӯ ба ниёзҳои замон моро итминон мебахшанд, ки барҳақ Тоҷикситони мо имрӯз машҳури дунё ва тахтгоҳи тамаддуни миллӣ ва ҳам ҷаҳонӣ гардидааст. Тоҷикистон имрӯз моро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо мо пайванд мекунад.

Боймурод ОДИНАЕВ,

декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент