МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН ОМИЛИ ПЕШГИРИКУНАНДАИ ТАШАККУЛИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ

Ҳамадонӣ: Андеша  

Маърифати ҳуқуқӣ - як намуди маърифати ҷамъиятӣ буда, аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ, қонуният, такмили қонунгузорӣ, амалияи ҳуқуқӣ дар ҷомеа гувоҳӣ медиҳад. Мазмуни онро арзишҳое ташкил медиҳанд, ки дар ҷараёни фаъолияти инсон дар соҳаи ҳуқуқ ташаккул ёфтаанд.Маърифати ҳуқуқии ҷамъиятӣ ва шахсӣ аз ҳам фарқ карда мешаванд. Маърифати ҳуқуқии фардӣ сатҳи муқаррарӣ, касбӣ ва илмӣ дорад. Маърифати ҳуқуқии касбӣ бештар марбути ҳукуқшиносон аст. Сатҳи шуури ҳуқуқии ҷамъиятӣ ва фардӣ, қонуният, такмили қонунгузорӣ, амалияи ҳуқуқӣ-нишондиҳандаи маданияти ҳуқуқии ҷомеа мебошанд. Маърифати ҳуқуқӣ дар баробари арзишҳои умумиинсонӣ инчунин унсурҳои миллиро низ дар бар мегирад.Шарҳи калимаи “маърифат” ҳамчун ақл, идрок, фаросат ва зиракӣ дар фарҳангу луғатномаҳои тоҷикӣ тавзеҳ дода шудааст. Маърифати ҳуқуқӣ воқеияти ҳуқуқиро дар шакли донишҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳои баҳодиҳӣ ба қонун ва татбиқи он, муносибатҳо ва меъёрҳои иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва рафтори одамонро дар муносибатҳои ҳуқуқӣ танзим мекунад. Аз ин лиҳоз, маърифати ҳуқуқӣ дар меҳвари муносибатҳои ҳуҳуқии ҷамъиятӣ мавқеи хос дошта, дар таҳкими афкори ҳуқуқӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.Ҷомеаи муосир ва махсусан тазодҳои гуногуне, ки ба амнияту осудагии кишварҳои таҳдидҳои воқеӣ ворид месозанд, аз давлату ҳукуматҳо зиракӣ ва маҳорати бештари пешгирии хатарҳои мавҷударо тақозо месозад. Махсусан дар даврае, ки терроризму экстремизм ҳамчун хатари рақами аввалин ба тамоми инсоният шинохта мешаванд, ҷиҳати пешгирии шомилшавии аҳолӣ ба ҳайати ин гуна ҳаракату гуруҳҳо маҳз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон метавонад, ҳиссагузор гардад.Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боз ҳам мубрамияти бештар касб намудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандонро асоси ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар номиданд ва қайд намуданд, ки Тоҷикистон пас аз зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолии худ аллакай ба марҳилае расидааст, ки ба ташаккули ҷомеаи пешрафтаву идеалӣ диққати бештар зоҳир намояд.Дар баробари ташаккули донишҳои ҳуқуқӣ маърифати ҳуқуқии баланди аҳолӣ имконият медиҳад, ки онҳо аз ҳуқуқу озодиҳои худ ва инчунин дар навбати худ аз ҷавобгариҳое, ки дар натиҷаи қонуншиканиҳо барои онҳо пешбинӣ гардидааст, огоҳ бошанд. Яъне аз ҷинояткориву қонунвайронкуниҳои гуногун пешгирӣ намоянд ва худро дар ҳама ҳолат ҳимоя намуда бошанд.Шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо кишвару ҳукуматҳои ҷаҳонро ба таҳияи стратегияву барномаҳои нави ҷиноӣ водор намудааст. Аксари кишварҳое, ки дорои қудрати сиёсӣ ва иқтидори бузурги ҳарбӣ мебошанд, ба таври ошкоро ва ғайриошкоро дар ҳудудҳои дигаре, ки манфиатҳои гуногуни геополитикиву геосиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ доранд, бозиҳои гуногунро роҳандозӣ намуда истодаанд. Минтақаи Осиёи Марказӣ чун минтақаи имкониятҳо дар маркази таваҷҷуҳи аксари қудратҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Ин қудратҳо ба таври гуногун кӯшиш мекунанд, ки нуфузи худро дар минтақа бештар созанд ва ин ҳолат амнияти минтақаро ба ташвиш меорад. Махсусан дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ривоҷ ёфтани фаъолияти ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ Ҳукумати Тоҷикистонро боз ҳам бештар ба зиракии сиёсӣ даъват месозад. Эълони соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ як қадами муҳим дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.30 декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” таҳти №668 ба нашр расид, ки дар тавзеҳоти он ба масъалаи болозикр низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Дар ин тавзеҳот қайд карда мешавад, ки яке аз мақсадҳои қабули фармони мазкур оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ мебошад. Дар ин росто ногузирии оштинопазирӣ бо терроризму экстремизм ва дигар амалҳои номатлуби монанд ба он аз як тараф боиси баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ ва аз тарафи дигар боиси шаклгирии беҳтари эҳсоси ватандӯстии аҳолии мамлакат мегардад.

Ба таври умум маърифати баланди ҳуқуқӣ, дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва салоҳиятнокии аҳолӣ метавонад, боиси коста гардидани фаъолияти ташкилотҳои ғайриқонунӣ, ки ба паҳн намудани ғояҳои террористиву экстремистӣ машғуланд, гардад. Бо маърифати баланди ҳуқуқӣ терроризму экстремизм ва ғояҳои номатлуби марбут ба он пешгирӣ карда мешавад ва ҳам дар роҳи ташаккули ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд қадамҳои устувор гузошта мешавад.

Фаромуз ҒАЮРОВ,

сардори раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсуси Академия