МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА РУШДИ ТАЪРИХИИ ОН

Ҳамадонӣ: Андеша  

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

Забони тоҷикӣ забони бостониест, ки дар ҳазорсолаҳои пешин ба ҳодисаҳои сангини таърихӣ дучор шуда, он ҳама арзишҳои милливу фарҳангӣ ва бо бузургии худ мақому манзалаташро то замони муосир нигоҳ дошта тавонист. Яъне, сарфи назар аз шикасту рехти давлатдорӣ дар давраҳои гуногун, забони тоҷикӣ ба василаи осору сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ табиату хусусиятҳои вижаи худро ҳифз намудааст.Агар ба таърихи забони тоҷикӣ назар кунем, забони мо се марҳилаи бузурги таърихӣ – давраи қадим, давраи миёна ва давраи нави рушдро аз сар гузаронида, дар ин марҳилаҳои таърихӣ мушкилоти сангинро паси сар намудааст. Марҳилаи аввали рушди забони имрӯзаи тоҷикӣ аз аҳди Ҳахоманишиён оғоз меёбад, ки дар он давра забони тоҷикии қадим ё ки порсии бостон хусусиятҳои мушкилтари хатту алифбо дошт. Зеро, хат дигар асту забон дигар ва вобаста ба шароит, пешрафти рушди забону илму маърифати ҳамон давра хатти мехӣ арзи вуҷуд дошт. Хатти мехӣ хусусияти ҳиҷогӣ дошт ва забони он давра забоне буд, ки дар муқоиса ба забонҳои марҳилаҳои баъдинаи таърихӣ дар талаффуз ва баён ҳам мушкил буд.

Баъдан дар марҳилаҳои шикасти давлати Ҳахоманишиён аз дасти Искандари Мақдунӣ ва пасон мағлубияти юнониҳо аз тарафи давлатдории портҳо ё сулолаи Сосониён, баъзе мушкилоти алифбои тоҷикии давраи қадимро вақти рӯйи кор омадани алифбои паҳлавӣ содатар намуд.

Дар марҳилаи баъди шикасти Сосониён ва 150 соли ҳукмронии арабҳо, онҳо хатту алифбо ва хусусиятҳои забонии худро дар сарзамини аҷдодони мо ҷорӣ карда буданд.

Баъди шикасти арабҳо ва таъсису ҳукмронии Сомониён, дар асоси алифбои арабӣ алифбои тоҷикӣ - форсӣ ба миён омад ва дар заминаи 28 ҳарфи алифбои арабӣ чаҳор ҳарфи дигари форсӣ илова гардида, алифбои форсӣ ба 32 ҳарф расид. Ин алифбо тамоми вожаҳои ноби тоҷикӣ - форсиро ифода карда метавонист.

Ҳамин тавр, марҳилаи 3-юми таърихи забони тоҷикӣ аз аҳди Сомониён то замони моро дар бар мегирад, ки дар ин давраи тӯлонӣ ин забон марҳилаҳои гуногунро аз сар гузаронид.

Рушди забон дар ин давра аз осори шоирони классикӣ, ҳамасрони Рӯдакӣ сарчашма мегирад. Дар ин тӯли таърих, ки даврони содаву возеҳ гардидани забони форсӣ арзёбӣ мегардад, осори шоирону нависандагони сабкҳои хуросониву ироқӣ, сабки ҳиндӣ ё сабки бедилӣ ба забону адабиёти баъдинаи мо таъсиргузор буд.

Навиштаҳои тоҷикӣ (миёна) – и асрҳои 7-8, ки дар Марв ёфт шудааст, пурра далолат менамоянд, ки дар ин давра дар Марву атрофи он бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Чи тавре Б.Ғафуров қайд менамоянд, мувофиқи ривояти ал-Муқаффаъ ва навиштаҳои Мақдисӣ маълум мешавад, ки забони тоҷикӣ ҳанӯз дар нимаи аввали асри 8 дар Балх паҳн шуда буд. Дар ин давра мавқеъ ва мақоми забони тоҷикӣ дар шимолу шарқи Эрон, шимоли Афғонистон, ҷануби Осиёи Миёна ва дар ҷануби Тоҷикистон хеле мустаҳкам шуда, маҳз дар ҳамин давраҳо, яъне то замони истилои арабҳо муҳимтарин хусусиятҳои он ташаккул ёфта буд.

Ҳамин тавр, забони тоҷикӣ аз Марв, Балх ва дигар марказҳои маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Хуросони Шимолӣ ба тамоми Вароруд интишор ёфта, батадриҷ ҷои забонҳои шарқӣ-эронии Осиёи Миёна – суғдӣ, тахорӣ (бохтарӣ)-ро гирифт. Ба ақидаи академик Б.Ғафуров барои илм тафсилоти ин раванд ва шароити аниқи ҷараёни он торик буда, эҳтимол меравад, ки забони тоҷикӣ чандин аср пеш аз истилои арабҳо ба Осиёи Миёна баробари Монавия омада бошад, зеро дар марказҳои калони Осиёи Миёна, махсусан дар Самарқанд дар асрҳои 6-7 ҷамоатҳои калони монавиён амал мекарданд ва онҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд.Истилои арабҳо ва паҳн шудани дини ислом ба он оварда расонид, ки тоҷирону косибони шаҳрҳои Суғд маҷбур шуданд, забони тоҷикиро аз худ кунанд, зеро дар он давра афроди ислом рӯ овардаро аз баъзе андозҳо озод менамуданд. Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки раванди ба забони тоҷикӣ гузаштани аҳолии суғдзабони Вароруд солҳои зиёдеро дар бар мегирад. Ҳаминаш маълум аст, ки дар асрҳои IХ-Х қисми асосии мардуми шаҳрҳои калони Вароруд (Самарқанду Бухоро) ба забони тоҷикӣ гузаштанд. Аз осори адибон аён мегардад, ки дар асри Х дар Бухоро адабиёти мукаммали форсизабон вуҷуд дошта бошад ҳам, вале дар деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ забони суғдӣ дар амал буд. Аҳолии суғдизабоне, ки ҳоло ҳам дар водии Яғноб (шохоби чапи Зарафшон) боқӣ мондааст, забони тоҷикиро қабул карда бошанд ҳам, ба он баъзе унсурҳои забони суғдӣ, алалхусус унсурҳои лексикии онро дохил кардаанд.Дуруст аст, ки забони порсии навин (яъне порсии дарӣ, ки марҳилаи севуми такомули забони порсӣ аст) баъд аз ҳамлаи араб аз Хуросон сар кашида ва бар тамоми Эронзамин густариш ёфтааст. Дар ин шакке нест ва мо ба ин меболем. Аммо ин ҳам дуруст аст, ки хостгоҳи забони порсӣ (мароҳили аввал ва дувумаш) аз устони Порс буда ва аз онҷо ба ҳамаи манотиқи Эронзамин доман паҳн кардааст. Мо ба ин ҳам меболем. Пас ҳарду минтақаи шарқу ғарб дар такомули ин забон нақшу саҳми баробаре доранд.

Мувофиқи ривоятҳои сайёҳони асри Х ва маъхазҳои хаттии ҳамон давраҳо, забони тоҷикӣ ба чанд лаҳҷа тақсим мешуд ва мардуми ҳар як ноҳияву шаҳрҳои калон бо лаҳҷаи худ гап мезаданд, - қайд кардааст Б. Ғафуров. Дар ин ҷо лаҳҷаҳои Самарқанд, Ҳирот, Нишопур, Марв, Балх ва ғайра номбар шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки лаҳҷаҳои шарқро “форсӣ” ва лаҳҷаҳои ғарбро “аҷамӣ” меномиданд ва истилоҳи “форсӣ”-ро хеле баъдтар ба лаҳҷаҳои ғарб нисбат медодагӣ шуданд.

Дар асрҳои IХ-Х бо забони тоҷикӣадабиёти ғанӣ ба вуҷуд оварда шуда, бо ин забон шоҳасарҳои оламшумул офарида шуданд. Асри Х ва асрҳои минбаъда аз давраҳои нашъунамои адабиёти классикии тоҷику форс ба шумор мерафт. Он осори адабиёти бадеӣ, асарҳои таърихию илмие, ки дар ин давра бо ин забони шево ба вуҷуд омадаанд, дар ҳаёти фарҳангии мардуми Вароруду Хуросон, Эрони Ғарбӣ, Ҳиндустони Шимолӣ ва бисёр мамлакатҳои Шарқи наздик ва Миёна нақши калон бозиданд.

Гулҷон НАҶМИДИНОВА,

донишҷӯйи факултети дипломатия ва сиёсати Академия