ЛИБОСИ МИЛЛӢ-МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Воқеан ҳам барои ҳар як миллат либоси миллии худаш зебанда аст. Либосро вобаста ба синну сол, шароити ҷуғрофӣ, фаслҳои сол, иду маросим, мардонаву занона, духтаронаву бачагона медӯзанду мепӯшанд.  Либос агар аз як тараф ба тани одам зебу зинат бахшад, аз ҷониби дигар, инсонро аз гармову сармо ҳифз менамояд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои адабию таърихӣ ва тасвирҳои боқимонда дар сангу сафолпораҳо маълум мегардад, ки гузаштагони мо барои хеш аз ҳар гуна мавод: пашм, пӯст, пилла, пунба (пахта), нахи гиёҳ ва ғайра ашё,  либосҳои мувофиқи шароиту замони худ мебофтанд ва онро мавриди истифода қарор медоданд.
 

Имрӯз ҳар як миллатро мо бо либоси хосси миллиашон мешиносем ва онҳоро бо ин сифатҳояшон аз дигар халқу миллатҳои дунё фарқ мекунем. Мардуми тоҷик ҳам дар қатори дигар миллатҳои дунё вобаста ба замону макон ва шароиту мавқеи иҷтимоии хеш барояш либосҳои махсус мебофаду мепӯшад.
 

Мо хуб медонем, ки гузаштагонамон аз қадимуззамон рӯзҳои ҷашну сур, хурсандиву шодӣ ба тан либосҳои идона пӯшида ба ҷашнгоҳ мешитофтанд ва ин анъана то ба имрӯз идома дорад. Чи хеле, ки дар боло қайд гардид, либос бар замми зебу зинат бахшидан, инчунин инсонро аз гармову сармо низ ҳифз мекунад. Ҳамчунин либос вобаста бо рангҳои худ аз якдигар тафовути куллӣ дорад. Агар занон вобаста ба завқи худ либосҳои рангин (сурх, сабз, кабуд, зард, гулобӣ ва ғайра) пӯшанд, мардон бештар  вақт либосҳои якранг (сиёҳ, кабуд, қаҳваранг ва ғайра)-ро интихоб менамоянд.
 

Махсусан дар айёми ҷашни наврӯзӣ занону духтарони тоҷик бештар либоси чакан мепӯшанд, ки бо ранг, гул ва тарзи дӯхташон аз якдигар фарқ мекунанд. Замонҳои пеш мардон ба сар тоқии миллӣ монда ба тӯю сур ҳозир мешуданд. Мутаассифона, ин анъана баъзан риоя нагардида, бештари ҷавонон аз пӯшидани тоқии мардона шарм мекунанд.
 

Мавриди зикр аст, ки либоси сафед нури офтобро шикаста, баданро аз ҳарорати гармӣ ҳифз менамояд. Баръакси он либоси сиёҳ нури офтобро ба худ ҷазб намуда, боиси офтобзании одам мешавад. Вобаста ба тараққиёту пешравӣ ва талаботи замон агар либоси миллии мардум ва тарзи дӯхтану пӯшидани он дигаргун шавад ҳам, лекин либоси миллии ҳар як миллат ба намояндаи ҳамон миллат зебу зинати махсус мебахшад. Тоҷикон чун дигар миллатҳои рӯи замин аз қадимулайём ба худ либоси махсус доштанд ва хушбахтона, дар рустоҳо ҳоло ҳам онро ба ҳамон тарзи пешинааш нигоҳ медоранд.
 

Доир ба тарзи либоспӯшии тоҷикон, ки тибқи маълумотҳои бо забонҳои юнонӣ, хитойӣ, суратҳои дар деворҳо ва тасвироти рӯи сангҳо боқимонда, аҷдоди тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни каллапӯшу ашёи ороишу зебу зинати миллӣ будаанд. Аз ин маълумот бармеояд, ки либоси миллии  қисмати Шимолӣ ва қисмати Ҷанубии Тоҷикистони ҳозира бо баъзе хусусиятҳои хосси худ аз якдигар каме фарқ мекардаанд. Албатта, ин фарқиятҳо ба рушду тараққиёти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва  ё ба шароити ҷуғрофии ҳар як мазеъ вобаста аст. Либосҳои занона аз курта, поҷома, пойафзол, рӯймол, ороиши сару гардан, саргирак ва ғайра иборат будааст, ки он асосан хоси қисмати Шимоли Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин маълум мегардад, ки куртаи занона ду намуд буда, якеаш якқад, ки онро дар деҳоти дурдаст пиразанҳо ва дигараш камзулчадор, ки онро мардум ҳоло ҳам мепӯшанд. Куртаи якқадро ду хел медӯхтанд: камартангу доманвасеъ ва дарозу доманаш каме васеъ, ки аз ду паҳлуяш широза меандохтанд. Поёни куртаҳои дароз то ба буҷулаки по мерасид. Дар «Энсиклопедияи шуравии тоҷик» доир ба куртаҳои тоҷикӣ чунин маълумот оварда шудааст: «Дар қисми Шимоли Тоҷикистон як намуди куртаи расмӣ медӯхтанд, ки он чуртча ном дошт. Пушти ин хел куртаҳо якқад буда, камзулчаи пешаш чин-чин дӯхта мешуд. Дар Тоҷикистон куртаҳои кӯтоҳ расм буд, ки вай куртаи таг ном дошт ва онро аз зери курта мепӯшиданд. Гиребони куртаҳои занонаро ду хел медӯхтанд: пешкушод ё буғак. Куртаи гиребонаш пешкушодро асосан занҳои солхӯрда мепӯшиданд, ки он камарча ё тугма дошт. Куртаи гиребонаш буғакро духтарон, арусону занон мепӯшиданд. Куртаҳои занона аз духтарона фақат бо дӯхти гиребон фарқ мекарданд. Гиребони чунин куртаҳо уфуқӣ бурида шуда, бо мағзӣ, зеҳгулу гулдӯзӣ оро дода мешуд. Дар Ҷануби Тоҷикистон куртаҳои идона, тӯёна ва рӯзмарраро гул мепартофтанд ва юрмадӯзӣ мекарданд. Дар Шимоли Тоҷикистон гиребони курта ва баъзан домани онро юрма ё гулдӯзӣ мекарданд.
 

Ҳамчунин либоси дигари миллии мо адрас мебошад, ки он тораш аз абрешиму пудаш аз ресмон бофта мешавад. Адрас ҳам мисли дигар либосҳои занона ранга ва баъзан якранг мешавад. Адрас матои мунаққашест, ки онро бо номи адраси подшоҳӣ низ мегӯянд. Адрас аз абрешими дуруштранг бофта мешавад. Адрасҳои тоҷикӣ дар замонҳои пеш ба бозорҳои мамолики хориҷӣ ба монанди Афғонистон, Ҳиндустон, Хитой ва ғайра барои фурӯш бароварда мешуд. Аз матои адрас курта, ҷомаҳои мардонаю занона, кӯрпаю кӯрпачаҳо низ дӯхта мешавад. Адрасҳои тоҷикӣ бо хусусияти хоси худ дар миёни на танҳо тоҷикон, балки берун аз ҳудуди кишвар низ шуҳрат дошта, онро савдогарон ба мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Наздик, Кавказ, Поволже, Қазоқистон низ ба фурӯш мебароварданд.
 

Аз таърихи адабиёти тоҷик бармеояд, ки баъзе шоирон ба ҷуз эҷодкорӣ, инчунин ба касби бофандагӣ низ шуҳрат доштаанд. Масалан, Сайидои Насафӣ ва Карим Девона бо ҳунари бофандагии хеш маълуму машҳур будаанд. Дар гузашта матоъҳоро дар дастгоҳҳи махсус бо усули дастӣ мебофтанд ва мавриди истифода қарор медоданд.
 

Масалан атласро аз матои абрешимӣ мебофтанд, ки он дар навбати худ ба намудҳои атласи муълам ва атласи румӣ машҳур буд. Атласи муълам атласи мумтоз ва олисифат буда, атласи румӣ аз матои абрешими нафис, ки дар Рум тайёр карда мешуд.
Гузаштагони мо матоъҳоро бо номҳои гуногун зикр мекарданд. Матоъро дар гузашта бо номҳои абрешим, адрас, атлас, карбос, кимхоб, латта, ҳарир, парниён, шоҳӣ, тик, махмал, гардӣ, шол ва ғайра ёд мекарданд, ки ҳар яки онҳо бо махсусиятҳои худ аз якдигар фарқ доштанд.

 

Ҳамчунин либосро ҳам бо номҳои гуногун, аз қабили дебо, хилъат, қабо, пироҳан, курта, қимош, ҷома, камзул (ча), поҷома, шалвор, шим, тоқӣ, кулоҳ, рӯсарӣ, пӯстин, ҷелак, кисват, тагпӯш, ҷавшан ва ғайра ёдовар мешаванд. Чунончи, Амир Хусрави Деҳлавӣ дар байти зерин се намуди либос (қабо, хилъат, латта)-ро зикр намудааст:

Дӯзем қабо баҳри қадат
                    аз гули сурӣ,
То хилъати зебои ту аз
               латта набошад.

Дар фароварди сухан гуфтанием, ки халқи тоҷик аз қадимулайём дорои ҳунари матоъбофӣ буда, эшон аз матоҳои нафис барои хеш ҳар гуна либосҳо медӯхтанд. Имрӯз ҳам моро зарур аст, ки вобаста ба мавсими сол, ҷашну сур, иду айём ва анъанаву маросим чун ниёгонамон ба либосҳои миллии хеш руҷуъ кунем, то анъанаи бофандагию либосдӯзию либоспӯшии миллӣ аз байн наравад.

Раҷабалӣ Худоёрзода,
номзади илмҳои филологӣ