СОЗАНДАГИҲО ДАР МАҲАЛ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Сокинони Ҷамоати деҳоти Эшмурод  Ниёзови  ноҳияи Қубодиён бо шукргузорӣ аз фазои соҳибистиқлолии мамлакат барои рушди маҳали зисти худ корҳои созандагию бунёдкориро пеш гирифтаанд, ки барои ояндаи насли наврас шароити созгор фароҳам месозанд.

Аслиддин Холиёров, раиси Ҷамоати деҳоти мазкур мегӯяд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб дар ҳамаи деҳу маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоат бо ташаббуси аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, соҳибкорони ватандӯсту мардуми саховатманд дар бунёд ва азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, варзиш ва корхонаҳои хурди саноатӣ саҳми басо созгор доранд.
 

«Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз як корхонаи хурди дару тирезаҳои пластикӣ ба истифода дода шуд ва яке дигар ба наздикӣ ба кор дароварда мешавад. Инчунин, дар назди чанд муассисаи таълимӣ бунёди синфхонаҳои иловагӣ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, нуқтаҳои шустушӯи мошин, майдончаҳои варзишӣ ва мағозаҳои хӯрокворӣ низ идома дорад»- мегӯяд раиси ҷамоат.
 

Тибқи нақшаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин ҷамоат 8 адад иншооти ҷашнӣ дар нақша буда, қарор аст, ки шумораашон зиёд мегардад. Ба гуфтаи Аслиддин Холиёров дар самти таъмиру тармими роҳҳо низ нақши Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон низ хеле назаррас мебошад.
 

Аҳолии Ҷамоати деҳоти Эшмурод Ниёзов 23 ҳазорро ташкил медиҳад. Дар ин ҷамоат 330 хоҷагии деҳқонӣ буда, хоҷагидорон бо истифода аз шароити мавҷуда, тамоми марзҳои коррамро самаранок истифода бурда, буҷаи оилаи хешро ғанӣ мегардонанд.
«Мо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти созандагию бунёдкорӣ, инчунин истифодаи дурусти замин, баланд бардоштани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи дусола барои оила сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, дар ин самт бо мардум кор мекунем»,-ироа дошт Аслиддин Холиёров.

«Ҳамрози халқ»