ДАР ТАЛОШИ ОРЗУҲО

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Соли 2021 дар маросими бошукӯҳи тантанавӣ- Гузашти низомӣ, ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қатори ҳазорон тан афсарону аскарони ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар мақомоти қудратии кишвар,  садҳо нафар занону духтарон низ ширкат доштанд.

Бонуи шуҷоатманд Манижа Маҳ-мадалиева аз зумраи ҷавонтарин бонувони хизматчии ҳарбӣ дар ин гузашти низомӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун афсари ҷавони яке аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар вилояти Хатлонро муаррифӣ мекард.
 

Афсари содиқи Ватан шудан аз орзуҳои кӯдакии Манижа буду ҳанӯз аз овони мактабхонӣ аз дидору вохӯрӣ бо шахсони низомипӯш вуҷудашро эҳсосоти аҷибе фаро мегирифт. Шавқу ҳаваси ба бар доштани либоси низомӣ ҳамеша дар қалбаш туғён дошт, ки давоми таҳсил дар мактаби зодгоҳаш  ба таълими фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии  дифои ҳарбӣ таваҷҷуҳи бештар дошт. Мисли дигар наврасон худро ба ҷойи афсарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасаввур мекарду бо хаёлбофиҳои рангин хотири худро болида мегардонид.
 

Дар деҳкадаи Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён, дар оилаи коргар зодаву ба воя расидаам. Соли 2014 баъди хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ ба факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шудам, - иброз дошт дар оғози суҳбат ҳамсуҳбати мо.
–Давоми солҳои таҳсил дар Донишгоҳ,   ҳамзамон,  дар  Муассисаи таҳсилоти     миёнаи     умумии     №44-и ноҳияи Кӯшониён ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохта, ба насли наврас аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс мегуфтам. Ростӣ, гарчанде дар аввал волидонам барои дар ниҳоди қудратӣ кору хизмат карданам чандон розӣ набуданд ва гумон доштанд, ки бо ҳамин барои ҳамешагӣ фаъолияти омӯзгориро идома медиҳам. Аммо азбаски дар дил орзуҳои дигар доштам, азм намуда будам, ки то расидан ба қуллаи мақсуд аз ифшои рози ниёзи худ худдорӣ намоям. Ҳамин тавр, дар се соли пешбурди рисолати омӯзгорӣ дар баробари таълиму тарбия, инчунин дар тарбияи наврасон дар руҳияи ватандӯстиву ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба хусус, духтарон ба касбу корҳо дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷидду ҷаҳд мекардам.

 

Манижа Маҳмадалиева соли 2019 донишгоҳро хатм намуда, фаъолияти худро дар яке аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар вилояти Хатлон оғоз менамояд. Нахуст, дар оркестри асбобҳои нафасии Қушунҳои ҳушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бинмуда, баъдан аз соли 2022 ба симмати сардори Хадамоти қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба кор шуруъ мекунад.
 

Ба гуфтаи ӯ як маънии зиндагӣ ин саъю талошҳо ба хотири амалӣ намудани орзуҳои даврони кӯдакиву наврасӣ аст, ки инсон бо ҳамин орзуву ормонҳо ба воя расида, маънии зиндагиро эҳсос менамояд. Зиндагиро орзуҳои зебо, мубориза барои расидан ба орзуҳо ширину рангин месозад, аз ин рӯ, ҳаёти ширини инсон аз замоне оғоз меёбад, ки дар дил ҳавас пайдо карда, барои амалӣ гардидани онҳо доим дар саъю талош аст.
 

Пас аз талошҳои расидан ба орзуҳои хеш, инак,  ҳар гоҳе сару либоси ҳарбиро ба бар менамоям, бемуҳобо ҳиссиёти бузурге маро фаро мегирад ва худро хушбахттарин инсони рӯи замин эҳсос мекунам, - мегӯяд Манижа.
– Гарчанде дар оғоз касе боварии онро надошт, ки ман дар азму иродаи хеш устувор мемонам ё шояд барвақттар хонадор шуда, хати зиндагиро тағйир медиҳам, валекин, меҳру муҳаббати кӯдакӣ ба либоси низомӣ аз орзуҳои наврасӣ ба ҳадафҳои ҷиддӣ табдил ёфт. Хушбахту саодатёрам, ки дар пайроҳаи расидан ба ҳадафҳои худ волидонам ҳамеша такягоҳи ман дар зиндагӣ буданд.
Имрӯз, ки дар ҷодаи интихобкардаи хеш муваффақ шудаам, худро аз бонувони хушбахту саодатманди даврони Истиқлол мешуморам ва ифтихор дорам, ки дар баробари ҳазорон нафар ҷавонони бонангу номус дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон кору хизмат карда истодаам. Истиқлолият барои мо ҷавонон озодиву интихоби мустақилона дар касбу кору ҳунарҳои гуногунро дод ва зери дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба беҳтарин шароитҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ таъмин гардидаем.

 

Айни замон Манижа Муҳаммада-лиева дар қисми ҳарбии Комендатураи ҳарбии Гарнизони Хатлон фаъолият дошта, барои хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардидааст. Ӯ  бо  шукргузорӣ аз тинҷиву осудагӣ ва пешрафту дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонону бонувон ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шудаанд, хизмати ҳарбиро қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонписар мешуморад.
 

Сол аз сол зиёд шудани шумораи бонувон дар сафи Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки бонувон ҷавобан ба дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар дар ҳама арсаҳои корзор фаъолнокӣ нишон медиҳанд, то сазовори боварӣ гарданд. Мо ҷавонон бояд аз тамоми имконияту шароитҳои бароямон таъмин гардида, оқилона истифода намоем. Дар радифи бо баҳои хубу аъло таҳсил кардан, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, ташаббускору созанда бошем. Шахсан, назди худ мақсад гузоштаам, ки илова ба адои вазифаву масъулиятҳои барзиммадоштаам, ҳамзамон донишу маҳорати ҳарбии худро такмил дода, сазовори унвону рутбаҳои баланди ҳарбӣ гардам, бо ифтихор изҳор медорад, Манижа Маҳмадалиева.

Адиба НОДИРОВА,
“Ҳамрози халқ”