АЗ МУҲОҶИРАТ ТО ПАРВАРИШИ ПАВЛОНИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди ободониву кабудизоркунии диёри азизамон, барои беморхонаву муассисаҳои таълимӣ, идораҳои маъмуриву фарҳангӣ 4-5 бех дарахти павлонияро ройгон тақдим мекунам. Масъулони соҳаҳои мазкур метавонанд барои сарсабзу зебогардонии атрофи идораву муассисаҳо аз ниҳолчаҳои парваришкардаи мо истифода баранд.

Павлония      аз      дарахтони нодири сайёраи замин маҳсуб меёбад,   ки   бо   хусусиятҳои  беназири худ мавриди таваҷҷуҳи
пажуҳишгарони риштаи табиат-шиносӣ ва ҷангалпарварону боғпарвароне қарор гирифтааст, ки ба шуғлҳои занбӯриасал-парварӣ ва нигоҳубини  дарахтони ороишӣ машғуланд.  Зеро павлония аз дарахтони фавқулода беназирест, ки дар соли аввал то 6 метр ва баъди буриши ин ниҳолон дар як соли дигар то 10 метр қад мекашанд.

 

Эшонгелдӣ Боронов, сокини Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз зумраи соҳибкорони муваффақест, ки бо мақсади ба роҳ мондани парвариши ниҳолони павлония чанд сол пеш решаи онро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо оварда буд.
 

Мо солиёни зиёд аст, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар Федератсияи Русия кору фаъолият дошта, аммо ҳамеша дар дил орзу мепарваридем, ки бо даст ёфтани имконият баҳри рушду пешрафти Ватани худ - Тоҷикистони азизамон саҳме гузошта бошем. Ин буд, ки аз оғози фасли баҳор то фарҷоми мавсими тирамоҳ дар ҳиҷрат заҳмат кашида, ҳақмузди худро ба аҳли оилаамон мефиристодем то дар хонаву хоҷагиҳои ёрирасонамон навовариҳо намуда, сатҳи зиндагиамонро беҳтар созем,- риштаи суҳбатро мекушояд мусоҳиби мо.
 

- Чун барои беҳбудии кору омӯзаҳои касбу ҳунарҳои гуногун аз шабакаҳои интернетӣ истифода мебурдам, боре як навори видеоиро дар мавриди хусусиятҳои ҷолибу бартариҳои парвариши дарахти павлония дар иқлими Федератсияи Русия тамошо карда, назди худ мақсад гузоштам, ки парвариши ин дарахти пурсамарро дар  кишвари худамон таҷриба хоҳам кард. Аз он баъд, оид ба нозукиҳои парваришу нигоҳубин ва мутобиқгардонии ниҳолони павлония дар иқлими гуногун аз шабакаҳои интернетӣ маводу наворҳои вобаста ба ин мавзуъро дарёфта мавриди омӯзиш қарор додам.
 

Ҳамин тавр, баъди омӯзишу сафарҳо ба минтақаҳои парвариши дарахтони павлония ба шаҳру минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия ва Қазоқистону Ӯзбекистон решаи ин ниҳоли нодирро  аз ниҳолпарварони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон оварда, дар қитъаи наздиҳавлигии худ кучат мекунад. Аз соли аввали ба роҳ мондани парвариши павлония мушоҳида мегардид, ки иқлими гарму боду ҳавои муътадили Тоҷикистон  барои рушди боғистону ҷангалзорҳои дарахти павлония ниҳоят ҳам мусоид аст. Гарчанде кучати ниҳоли павлония аз муҳити гармхона оғоз меёбад, вале давоми сол ин дарахти нодир дар ҳавои кушод ба суръати рекордӣ сарсабзу нумуъ мекунад, ки бинандаро ба ҳайрат меоварад. Айни замон дар парвариши дарахти павлония ниҳолпарварони ҷумҳурии дӯсту ҳамсояи  мо - Ӯзбекистон  натиҷаҳои пешоҳангӣ дошта, ниҳолони онҳо дар як соли баъди кундабуриш то 10 метр қад кашидаанд,- мегӯяд Эшонгелдӣ Боронов.
 

- Аммо аз таҷрибаи ду соли аввали парвариши кучат ва ниҳолони павлония дар шароити қитъаҳои наздиҳавлигӣ чунин бармеояд, ки иқлими водии Вахш барои парвариши ин гуна дарахтони нодир хело ҳам мусоид аст. Соли аввал решаи онро дар зарфчаҳои махсус парвариш намуда, баъди се-чаҳор моҳ ба заминҳои корам гузаронидем ва шуруъ аз моҳи апрел то октябр ҳамин кучатҳо то 6 метрӣ қад кашиданд.  Баъдан дар мавсими оянда дар баробари буриши ниҳолони яксолаи павлония, ҳамзамон, дар шароити гармхона парвариши кучати онро ду баробар зиёд намудем.
 

Ба гуфтаи Эшонгелдӣ Боронов баъди буриши ниҳолони яксола даставу ғуллачӯбҳои аз лиҳози таркиб обногузари онро метавон дар корҳои сохтмонӣ, коркарду истеҳсоли мизу курсиҳои хушсифат истифода намуд. Павлония дарахти нодирест, ки аз он чӯби росту ҳамвор гирифта, то аз охирин навдаву кундаҳои он метавон мизу курсиҳои зебосифат сохт. Новобаста ба он ки аз лиҳози нумуву сабзиш дарахти павлония нисбат ба дигар наботот зуд амал мекунад, аммо бунёди он ниҳоят мустаҳкам мебошад. Бинобар ин, дар бештари кишварҳои олам бо мақсади таъмини корхонаву фабрикаҳои истеҳсоли мизу ҷевон,  асбобу ашёи ҳарбӣ ва соҳаи киштисозӣ, парвариши қитъаҳои бузургу ҷангалҳои парвариши дарахтони павлония ба роҳ монда шудааст. Дар асрҳои пешин барои шоҳону дарбориён сандуқу хазинаҳои барои нигоҳ доштани тангаву тилло ва ҷавоҳироти қимматбаҳоро маҳз аз чӯби павлония месохтанд.
 

Бо назардошти рангу намои дар мавсимҳои гуногуни сол тағйирёбандаи павлония ва дигар зарфиятҳои ин растании пурасрор аст, ки ҳанӯз аз аҳди қадим  мардумони кишварҳои Чину Ҷопон онро дарахти шоҳона меномиданд. Тибқи маълумотҳои дастрасшуда нахуст дарахтони павлонияро ҷопониҳо аз кишвари Чин бурда,  баъди парвариши садсолаҳо онро ҳамчун дарахти муқаддас ва намоди саодату хушбахтӣ мешуморанд, ки тасвири он дар нишони хонадони императории ин кишвар нақш гардидааст. Павлония дар моҳи апрел гул карда, атри фораму ҳаловатбахши он то масофаи зиёд паҳн мешавад. Ин ва дигар хусусиятҳои дилфиреби павлония сокинони кишварҳои оламро водор намуд, ки онро ҳамчун дарахти ороишӣ дар назди қасру кушкҳои шаҳрҳо ва марказҳои маъмурӣ парвариш намоянд.
 

Орзу дорам, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ парвариши ниҳолони павлонияро васеътар ба роҳ монам, то дар оянда дар шафати шоҳроҳу атрофи марказҳои фарҳангӣ, қитъаҳои наздиҳавлигии беморхонаву муассисаҳои таълимӣ ва боғистонҳои фароғатгоҳҳо бо шинонидани ин ниҳол муҳити зисти Ватанамонро зебову дилангез гардонем. Тасаввур кунед, ки агар дарахтони 5-10-метрии павлонияро дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Бохтар-Панҷи поён, ки аз ҳудуди ноҳияамон мегузарад, бисабзонем, дар баҳорон онҳо сарсабзу гулпӯш мегарданд,-аз нақшаҳои ояндаи худ қисса мекунад ҳамсуҳбати мо.
– Аз ин рӯ, агар пешниҳоди мо қобили қабул бошад, ман омодаам, ки бо масъулони боғбунёд ва кабудизоркунии ноҳияҳо тариқи шартнома ҳамкорӣ намуда, онҳоро дар мавсими кабудизоркунӣ бо  ниҳоли павлония таъмин намоям.

 

“Муҳоҷирати меҳнатиро танҳо барои дарёфти ҳақмузду таъмини рӯзгорамон интихоб накардаем. Инсони комил бояд дар ҷавоби ранҷу заҳмати дурӣ аз Ватан ва аҳли оилаи худ дар баробари дарёфти музди меҳнат бояд дар кишвари хориҷа донишу ҷаҳонбинии худро сайқал дода, барои ободиву рушди ояндаи кишвари худ ҳунару таҷрибаи пешқадамро азбар намояд. Ёд дорам солҳои аввали кор дар Русия моро ба унвони муҳоҷирбачаҳо мешинохтанд, аммо имрӯз ман дар шабакаҳои интернетӣ саҳифаҳои иҷтимоии худро, аз ҷумла равзанаи “Павлония дар Тоҷикистон”-ро  гардон кардаам, ки бинандаи зиёд дорад.

Дар мавсими имсола ҳазорон бех кучати павлония сабзонидаам, ки як бехи онро бо арзиши 10 сомонӣ дар бозорҳои маҳаллӣ ба фурӯш гузошта истодаам. Илова бар ин,  бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди ободониву кабудизоркунии диёри азизамон, барои беморхонаву муассисаҳои таълимӣ, идораҳои маъмуриву фарҳангӣ 4-5 бех дарахти павлонияро ройгон тақдим мекунам. Аз ин рӯ, масъулони соҳаҳои мазкур метавонанд барои сарсабзу зебогардонии атрофи идораву муассисаҳо аз ниҳолчаҳои парваришкардаи мо истифода баранд.
 

Бинобар андешаи Эшонгелдӣ Боронов бо бунёди боғу қитъаҳои калони парвариши дарахти павлония метавон соҳаи занбӯриасалпарвариро низ рушду ривоҷ дод, зеро шираи гули павлония барои ору беҳтарин ғизо ба ҳисоб рафта, асали аз муҳити боғистони павлония истеҳсолшуда хусусиятҳои зиёди табобатӣ дорад. Воқеан ҳам, бӯйи фараҳбахши гули павлония, маззаи асали аз гули он ҷабидаи занбӯри асал ва манзараҳои дарахтони аз гулу баргҳои рангоранг зебову дигар суду бартариҳо аз парвариши ин дарахти зебову пурсамарро наметавон бо гуфтор шарҳу тавзеҳ дод.  
 

Маврид ба ёдоварист, ки дар баробари сифати хуби чӯби дарахти павлония, инчунин баргу кундаи ин дарахт низ беҳтарин маводи сӯзишворӣ ба ҳисоб меравад. Масалан кундаи дарахтони нодаркори онро метавон тавассути асбоби чӯбрез монои қанди сафеду хушкмева реза карда, дар борхалтаҳои зебо ҳамчун маводи сӯзишвории аз лиҳози экологӣ безарар ба фурӯш баровард. Зеро хусусияти сӯзандагии ҳезуми чӯби дарахти павлония 90% буда, аз оташи он қариб, ки хокистар боқӣ намемонад.  Бодарназардошти хусусиятҳои хушсӯзӣ, дар кишварҳои хориҷ ин гуна борхалтаҳои аз маводи сӯхтро бештар дар тарабхонаву нуқтаҳои кабобпазӣ истифода мебаранд.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН,

“Ҳамрози халқ”