АРТИШИ МИЛЛӢ ҲИМОЯТГАРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15-уми феврали соли 2024 тибқи иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Хатлон занону модарон ба дидорбинии афсарону сарбозони Қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониёнро мавриди боздид қарор доданд.

Модарон аз вазъи зиндагӣ ва буду боши сарбозон дидан намуда, баъдан дар майдони қисми низомии мазкур бахшида ба 31-солагии "Рӯзи таъсисёбии Қуваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳти унвони “Хизмати ҳарбӣ-мактаби ҷасорату мардонагӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор намуданд.

Дар чорабинӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона зимни суханронии худ ташрифи меҳмононро ба қисми низомӣ ва ноҳия хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо ҷашни "Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" табрик намуданд.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Хатлон Ғафурзода Рухсора дар сухани табрикотии худ тамоми иштирокчиёни чорабиниро аз номи ҳизбиёни вилояти Хатлон, бахусус аз номи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 31-солагии "Рӯзи таъсисёбии Қуваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" шодбош гуфта, қайд намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шараф ва номуси баланди ҷавонмардӣ буда, аз ҳар як сарбози қаторӣ даъват ба амал оварданд, ки хизмати Ватан-Модарро содиқона ба ҷо оваранд.

Зимнан, миннатдории худро ба роҳбарияти қисми низомӣ барои шароити мусоид фароҳам овардан ба сарбозон баён намуданд.

Аз ҷониби бахши фарҳангӣ ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати болидаруҳии меҳмонону сарбозони қисми ҳарбӣ чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.