БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МЕҲРОБОД 14”

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 11-уми январи соли 2024, дар асоси Оинномаи ҲХДТ, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Меҳробод 14" маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба фаъолияти ташкилот дар соли 2023  гузаронида шуд. Дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳробод 14”-и ноҳияи Вахш, мутахассиси бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сатторов Шариф, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур  Хайруллоев Юсуф иштирок намуданд.

Маҷлиси ҷамъбастӣ аз рӯи масъалаҳои зерин доир карда шуд:

  1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Меҳробод 14”;

  2. Тасдиқи нақшаи  кории  ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2024;

  3. Тасдиқи нақша чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  4. Тасдиқи қарорҳои ташкилоти ибтидоӣ;

  5. Масъалаҳои ҷорӣ;

Ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии “Меҳробод 14” аз тарафи раиси ташкилот  Хайруллоев Ю., дар назди ҳозирин  хонда шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш