БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “РӮЗОБОД”

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 11-уми  январи соли 2024, дар асоси Оинномаи  ҲХДТ, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Рӯзобод" маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба фаъолияти ташкилот дар соли 2023  гузаронида шуд. Дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рӯзобод”-и ноҳияи Вахш, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Раҳимҷон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Файзов Қувватали иштирок намуданд.

Маҷлиси ҷамъбастӣ аз рӯи масъалаҳои зерин доир карда шуд:

  1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Рӯзобод”;

  2. Тасдиқи нақшаи  кории  ташкилоти ибтидоӣ барои  соли 2024;

  3. Тасдиқи нақша чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  4. Тасдиқи қарорҳои ташкилоти ибтидоӣ;

  5. Масъалаҳои ҷорӣ;

Ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии “Рӯзобод” аз тарафи раиси ташкилот  Файзов Қ., дар назди ҳозирин  хонда шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш