БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТОҶИКИСТОН”

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 11-уми январи соли 2024, дар асоси Оинномаи ҲХДТ, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Тоҷикистон" маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба фаъолияти ташкилот дар соли 2023 гузаронида шуд. Дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикистон”-и ноҳияи Вахш, Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ҷалилов Р, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур  Қурбонов Р., иштирок намуданд.

Маҷлиси ҷамъбастӣ аз рӯи масъалаҳои зеррин доир карда шуд:

  1. Ҳисобти раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тоҷикистон”;

  2. Тасдиқи нақшаи  кории  ташкилоти ибтидоӣ барои  соли 2024;

  3. Тасдиқи нақша чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  4. Тасдиқи қарорҳои ташкилоти ибтидоӣ;

  5. Масъалаҳои ҷорӣ;

Сараввал, Ҷалилов Р., ба сухан баромада, чунин қайд намуд: Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.

Барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд.Сипас ҳисоботи солонаи ТИ “Тоҷикистон” аз тарафи раиси ташкилот  Қурбонов Р., дар назди ҳозирин  хонда шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш