БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ҲАВАСКОР 1”

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 11-уми январи соли 2024, дар асоси Оинномаи ҲХДТ, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳаваскор 1" маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба фаъолияти ташкилот дар соли 2023 гузаронида шуд. Дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳаваскор 1”-и ноҳияи Вахш, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ватанзода У, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Давлатов Ш., иштирок намуданд.

Маҷлиси ҷамъбастӣ аз рӯи масъалаҳои зерин доир карда шуд:

  1. Ҳисобти раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳаваскор 1”;

  2. Тасдиқи нақшаи  кории  ташкилоти ибтидоӣ барои  соли 2024;

  3. Тасдиқи нақша чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  4. Тасдиқи қарорҳои ташкилоти ибтидоӣ;

  5. Масъалаҳои ҷорӣ;

Сараввал, Ватанзода У., ба сухан баромада, чунин қайд намуд: Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Бахусус, соли 2023 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд.  

Барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд.Сипас ҳисоботи солонаи ТИ “Ҳаваскор 1” аз тарафи раиси ташкилот  Давлатов Ш., дар назди ҳозирин  хонда шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш