МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Восеъ: Ҳисобот  

Санаи 10-уми январи соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024 баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода - Ҷамшед Раҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ - Сафар Ҳафиза Разоқ, мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусайнзода Сайёра, муовинони раиси ноҳияи Восеъ, кормандони масъули ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳия иштирок доштанд.

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроия масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024.

2. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои соли 2024.

3. Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Сафар Ҳафиза раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024 баромад намуд.

Оиди масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Мирзоев Сафаралӣ-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баромад намуд. Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Ҳусайнзода Сайёра ба сухан баромада, оиди фаъолияти ҳизбӣ, баргузории аксияҳо ва ташаббусҳои ҳизбӣ, иҷрои бо муваффақонаи нақшаи Обуна-2024, интишори маводҳо дар сомонаи Кумита ва қабули аъзо ба сафи ҳизб ибрози андеша намуданд. Номбурда қайд намуд, ки дар баробари дигар Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ низ назаррас буда, дар сомонаи Кумита ҳамарӯза хабару андешаҳо ва вокунишҳо сари вақт ҷой дода мешаванд ва дар соли 2023 аз рӯи интишори маводҳо дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар мақоми пешсафон қарор дорад.

Дар анҷом раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон баромад карда, барои боз ҳам ба нишондодҳои хуб ноил гардидан дар соли 2024 дастуру маслиҳатҳои муфид дода, қайд намуданд, ки ҳамаи аъзоёни фаъоли ноҳияро зарур аст, ки дар якҷоягӣ муттаҳид шуд, дар пайрави аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободӣ, шукуфоӣ, пешравию тараққиёти ин кишвари биҳиштосо саҳми муносиб гузорем.

Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардидаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.