МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СОЛОНА

Темурмалик: Ҳисобот  

Санаи 10–уми январи соли равон дар толори Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳияи Темурмалик Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бо иштироки аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик, раиси ноҳия муҳтарам Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан, аъзоёни Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони Ҳизб баргузор гардид.

         Ба рӯзномаи маҷлиси имрӯза баррасии 5 масъала пешниҳод карда шуд:

         Дар маҷлиси Кумитаи иҷроия масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

         Маҷлисро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Темурмалик Раҷабзода Маҳмасаид  кушода оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда ҳисобот пешниҳод намуд, Аз рӯи ин масъала раиси ташкилотӣ ибтидоии “Темурмалик” Айниддини Аслиддин ба музокира баромада оиди самтҳои гуногуни фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва ташкилоти ибтидоии Темурмалик андешаҳояшро баён намуд.Масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик гузошта шуда пурра баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.Дар фарҷоми Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ба фаъолони аъзои ташкилоти ибтидоии Ҳизбии “Темурмалик” Ҳасанзода Шерали Ҳасан, Азизода Орзубек, Валиев Баҳоваддин бо сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Ҳамидов Орзу Абдуалимзода Саидмумин, Сафаров Далер ва Шерматова Адолат бо сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик мукофотонида шуданд. Инчунин ба Ҷавонон Миров Ҳасан, Абдухолиқов Диловар Шаҳодатномаҳои Ҳизбӣ Супорида шуд.