ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲО  СОЛИ 2023  ДАР КИ ҲХДТ НОҲИЯИ ВАХШ

Вахш: Ҳисобот  

 

Таърихи 9-уми  январӣ соли ҷорӣ, дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №56-и ноҳияи Вахш, маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Вахш баргузор гардид, ки дар кори  маҷлис раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ватанзода С.В., сармуҳарири рӯзномаи “Ҳамрози халқ” дар КИ ҲХДТ вилояти Хатлон  Икромзода Зебо, Шарифзода Муҳаммадӣ муовини раиси ноҳияи Вахш аъзои КИ ҲХДТ, вакилони ҳизбӣ, масъулини кумитаи ноҳиявӣ раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва котибони ташкилотҳои  ҳизбӣ иштирок  намуданд.

Рӯзномаи маҷлис аз панҷ масъала аз ҷумла:

1.Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024;

2.Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш барои соли 2024;

3.Тасдиқи нақша - чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4.Таъсиси  гурӯҳи таблиғотию ташвиқоти вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5.Тасдиқи қарорҳои Маҷлиси муассисони  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ “Дар бораи таъсис додани ташкилотҳои ибтидоӣ”;

6. Масъалаҳои ҷорӣ;

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ватанзода Сабоҳат Ватан оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024 маълумоти муфассал манзур  доштанд.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис шахсони масъул баромадҳои мушаххас намуданд. Дар ин росто, музокирачиён ба сухан баромада, ҷамъбасти натиҷаҳои Кумитаро назаррас арзёбӣ намуда, қаноатбахш ҳисобиданд ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Икромзода Зебо сармуҳарири рӯзномаи “Ҳамрози халқ” дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар баромадаш оиди аксияҳои ҳизбӣ ва саҳмгузории вакилон дар аксияҳои ҳизбӣ, омодагиҳо ба таҷлили 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30*-солагии таъсисёбии ҲХДТ пардохти ҳаққи узвият қабули аъзои нав ба сафи ҲХДТ, рейтинги ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Дар охир иброз дошт, ки “Мо бояд аъзоёни ҲХДТ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии Барномаи ҲХДТ камари ҳиммат баста, Пайравони асили Пешвои миллат, Раиси  муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем”.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ҷамъбаст узви КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, муовини раиси ноҳия Шарифзода Муҳаммадӣ дар баромади худ қайд намуданд, ки ҳизбе, ки мову Шуморо ба ҳам овардааст, имрӯз дар ҷомеаи навини Тоҷикистон обрӯву нуфузи баланд дорад ва ҷаҳду талошҳои доимии Сарвари ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ободонии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми ӯст, ҳизби моро нерӯи нав мебахшад. Ҷойи пӯшида нест, ки сафи мо пайваста афзоиш меёбад. Ин раванди нек масъулияти ҳар як аъзои ҳизбро дучанд мегардонад. Чуноне Сарвари ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд: “Ҳар як узви ҳизби мо худро аъзои комилҳуқуқи як нерӯи бузург эҳсос мекунад, ки масъулияти баланди созандагиву бунёдкориро ба дӯш гирифтааст”. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани мақсадҳоямон дар таҳкими ҳамраъйии ҳизбӣ бо қувваи дучанд заҳмат кашем.

Дар ҷамъбаст ба як қатор раисони фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва соҳибкорони ташаббускор барои дастгири ва хизматҳои назаррасашон дар самти ҳизб бо Сипосномаи Раси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш сарфароз гадонида шуданд.

 

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.