МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ СОЛОНАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ НОҲИЯВИИ ҲИЗБ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Ш.Шоҳин: Ҳисобот  

Дар таърихи 10-уми январи соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор гардид.

Дар маҷлис Назарзода Толибҷон- раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Гулзода Зафар- узви Кумитаи иҷроияи вилоятию ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб, собиқадорони ҳизб ва аъзои намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.

Назарзода Толибҷон – раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сухани ифтитоҳи ба маҷлис ҳусни оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуд.

Дар ҷараёни баргузори маҷлис лоиҳаи қарори рӯномаи маҷлис аз рӯи 4 масъала :

  • дар бораи ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар соли 2023 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраҳои оянда.
  • дар бораи тасдиқи нақша- чорабиниҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2023.
  • дар бораи тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин барои соли 2024.
  • дар бораи тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ   

ба муҳокимаи аъзои Раёсат гузошта шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

            Дар интиҳои чорабинӣ фаъолони ҳизбӣ бо Сипосномаву туҳфаҳои молии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

 

Суратгузориш аз ҷараёни баргузории маҷлис;