БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ДЕҲАИ МЕҲРОБОД 10”

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 10-уми  январи соли 2024, дар асоси Оинномаи  ҲХДТ, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи  Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Деҳаи  Меҳробод 10" маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба фаъолияти ташкилот дар соли 2023  гузаронида шуд. Дар маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Деҳаи Меҳробод 10”-и ноҳияи Вахш, мутахассиси бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Сатторов Шариф, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур Назаров Т., иштирок намуданд.

Маҷлиси ҷамъбасти аз рӯи масъалаҳои зеррин доир карда шуд:

  1. Ҳисобти раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Деҳаи  Меҳробод 10”;
  2. Тасдиқи нақшаи кории  ташкилоти бтидоӣ баро сиоли 2024;
  3. Тасдиқи нақша чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Тасдиқи қарорҳои ташкилоти ибтидоӣ;
  5. Масъалаҳои ҷорӣ;

Сараввал Сатторов Ш, ба сухан баромада, чунин қайд намуд: Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуда истодаанд. Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Бахусус, соли 2023 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, махсусан, нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд. Барои нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодӣ, таъмин намудани устувории молияи давлат, афзоиши даромад ва баланд бардоштани самаранокии буҷет заминаи зарурии қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, корҳо дар самти мукаммал гардонидани низоми миллии молия ва андоз идома доранд.

         Сипас, аз ҷониби  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Деҳаи Меҳробод 10"  Назаров Т.,  ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоии мазкур дар  назди ҳозирин хонда шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш.