МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТИ "МОЛИЯЧИЁН"

Қубодиён: Ҳисобот  

Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён имрӯзҳо дар Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия маҷлисҳои ҷамъбастӣ баргузор шуда истодааст.

Санаи 9.01.2024  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Молиячиён" бо иштироки  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Хаимова Малоҳат, мудир шуъбаи таблиғот ва иттилоот Мардонов Фирдавс оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд.

1. Ҷамъбасти фаъолият дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024;

2. Тасдиқи нақшаи корӣ барои с. 2024;

3. Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон;

4. Қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб;

5. Ҷорӣ намудани Рейтинги ҳизбӣ.

Масъалаҳои дар рӯзномабуда баррасӣ шуда, оид ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар охир Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Мардонов Фирдавс баромад карда қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд ва моро лозим меояд, ки баҳри татбиқи саривақтии онҳо чораҳои лозимиро роҳандозӣ намоем.