БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА 29 СОЛАГИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 29 солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 7-уми декабри соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Бохтар Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Мароми ҳизби мо созандагист!" баргузор гардид, ки зиёда аз 400 адад варақаҳои таблиғотии ҳизбӣ (буклетҳо) тақсим карда шуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кулли бахшҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олӣ зиндагии шоистаи мардум ва пешрафти Тоҷикистон саъю талош дорад, зимнан талаботи рушди илму техника баррасӣ ва татбиқи асосҳои илмии ҳадафҳои ҳизбро тақозо мегардад.

Баъди оне, ки дар иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти бисёр сангини давлатсозиро ба дӯш гирифтани Пешвои муаззами миллат яке аз масъалаҳои муҳими ҳамон замон мардумро зери як ақида муттаҳид намуда, онро аз вартаи нобудшавӣ эмин дошт ва ба роҳи дурусти созандагӣ ҳидоят намуд.

Инак ба таъсисёбии ҲХДТ 29 сол пур шуд. Пӯшида нест, ки дар тули 29 соли фаъолияти ҲХДТ зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Бунёди пулу роҳҳо, бунёди иншооти бузурги аср Неругоҳи Барқии обии Роғун, сохтмони бинову иншоотҳои боҳашамат худ шоҳиди гуфтаҳои болост.

Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Бигузор сулҳу суботи Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абадӣ бошад!