БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ А.ҶОМӢ.

А.Ҷомӣ: Ҳисобот  

А.Ҷомӣ:Санаи 26-уми октябри соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А.Ҷомӣ Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти нуҳ моҳаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи А. Ҷомӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохия тамоми аъзоёни Раёсат ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат ширкат варзиданд. Маҷлисро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Қосимӣ Назокат ифтитоҳ намуда, дар маҷлиси Раёсат се масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд. Зимни баромади худ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро оид ба дастовардҳо ва камбудиҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ёдоварӣ намуда аз ҳозирин аз аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даъват ба амал овард, ки бобати хубтару беҳтар намудани фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ дар якҷоягӣ бояд коро  пурзурнамоянд, инчунин оид ба рафти даъвати тирамоҳи оид ба саҳми назаррас гузоштан дар  рафти ҷамъоварии пахта  дастуру супоришҳои назаррас дода, дар бораи сари вақт ҷамъбаст гардонидани маракаи Обуна ба рузномаҳои ҳизбӣ  “Минбари Халқ” ва “Ҳамрози Халқ” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшеди Ҳамро аз роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҳама ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ изҳори сипосгузорӣ намуд.

      Узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон дар охири маҷлис аз ҳузури Саидзода Ҷамшед изҳори сипосгузорӣ намуда, даъват ба  амал овард, ки тамоми роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ  бо мақсади амалӣ гардонидани барномаҳо ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар оянда коро хубтару беҳтар ба роҳ монда ҷашновараҳои фархундаи солро бо дастовардҳои назаррас пешвоз хоҳанд гирифт.