НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НӮҲ МОҲАИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК

Норак: Ҳисобот  

 

Санаи  27 октябри  соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳр оиди ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак дар нӯҳ моҳи соли 2023 нақшаҳо  барои  давраи  оянда бо иштироки муовинони соҳаи  иҷтимоии раиси шаҳри Норак  Маҳмадизода Хайридин ва Ҳакимзода Зуҳро, аъзоёни Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ, баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди  баррасӣ қарор гирифтанд:

           1.Дар  бораи  ҷамъбасти  натиҷаҳои  фаъолияти   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак дар  нуҳ моҳи  соли  2023;

           2.Дар бораи тасдиқи протоколҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб.

          3. Масъалаҳои  ҷорӣ

Вобаста ба масъалаи якум, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар  нӯҳ  моҳи и соли 2023 ва нақшаҳо барои давраҳои оянда баромад намуд. Шаҳло Ҳасанзода қайд намуданд, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ нӯҳ  моҳаи  соли 2023-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда дар пешравию корҳои созандагӣ, тарғибу таблиғи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

 Шаҳло Ҳасанзода  оид ба фаъолияти ҳизбӣ, баргузории аксияҳои ҳизбӣ, иҷрои  нақшаи  обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, аз раисони ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ изҳори қаноатманди  намуданд. 

Дар анҷом муовинони раиси шаҳри  Норак  баромад карда фаъолияти раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Норакро дар нӯҳ  моҳаи   ҳисоботӣ назаррас арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин қайд намуданд, ки дар нӯҳ  моҳаи соли 2023 низ фаъолиятро хуб ба роҳ монда дар якҷоягӣ бо аъзои Кумитаи иҷроия, вакилон ва фаъолон барои ободонӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои таърихии сол талош варзида, мардумро ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ ҷалб созанд.

Дар охир вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардидаи маҷлис қарорҳои дахлдор  қабул карда шуд.