Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ баргузор гардид.

Восеъ: Ҳисобот  

Санаи 26.10.2023 дар толори хурди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия, “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда” бо иштироки аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баргузор гардид.Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сафар Ҳ.Р. кушода,  ба рӯзномаи Маҷлиси Раёсати КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ  4 масъалаи пешниҳод шударо ба иттилоъи иштирокчиён расонид:

1. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2023 ва

вазифаҳо барои давраи оянда;

2. Оид ба ҷараёни корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ аз ҷониби раисони ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ;

3. Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ;

4. Масъалаҳои ҷорӣ;

Аз рӯи масъалаи якуми  рӯзномаи Маҷлиси Раёсат раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоев Сафарали-муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия баромад намуда ба аъзои Раёсат ва иштирокунандагон маълумот дод. Аз рӯи масъалаи дуюм Гулрухсор Мирзоева-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баромад намуд. Масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис низ баррасӣ гардиданд ва аз руи масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис лоиҳаҳои қарори Маҷлиси Раёсат омода гашта дастраси аъзои Раёсат гардида аз ҷониби аъзои Раёсат дастгири ёфта қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар фаранҷоми Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ якчанд нафар раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни Раёсат баромад намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ корҳоро дар самти пешравию обрӯву нуфузи ҲХДТ зиёд намуда. Мирзоева ҳри зиндагии шоистаи мардум талош менамоянд. Бо ҳамин Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳ.Р  пушида эълон гардид.