РАФТИ МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН “ДАР БОРАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2023 ВА НАТИҶАҲО БАРОИ ДАВРАИ ОЯНДА”!

Қубодиён: Ҳисобот  

         Санаи 25-уми октябри соли 2023  дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия, “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2023 ва натиҷаҳо барои давраи оянда” бо иштироки ҳамаи аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, раиси шӯрои собиқадорони  ноҳияи мазкур Шарипова Тоҷиниссо, Саидзода Садбарг ва як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ (раисони ташкилоту муасисса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот), вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён даъват шуда дар сатҳи баланд баргузор гашт. 

        Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиёнро раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин кушода, барои пешбурди кори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, котиби маҷлис дар ҳайати як нафар  аз ҳайати аъзои Раёсат интихоб гардид.

        Ба рӯзномаи Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён 3 масъалаи пешниҳод шударо ба иттилоъи иштирокчиён расонид: 

       1. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар нӯҳ моҳи соли 2023 ва

             натиҷаҳо барои давраи оянда;

       2. Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ;

       3. Масъалаҳои ҷорӣ

 Аз руи масъалаҳои рӯзномаи Маҷлиси Раёсат раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода В. баромад намуда ба аъзои Раёсат ва иштирокунандагон маълумот дод. Аз руи масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис лоиҳаҳои қарори Маҷлиси Раёсат омода гашта дастраси аъзои Раёсат гардида аз ҷониби аъзои Раёсат дастгири ёфта қарорҳо қабул гардид.     

    Масъалаҳое, ки барои муҳокимаи Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён пешниҳод шуда баррасӣ гардиданд.

       Бо ҳамин Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода В. пушида эълон гардид.