МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ  ДОИР ГАРДИД

Қубодиён: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Матлуботчиён" маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳа бо иштироки мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён доир гардид.

         Нахуст, котиби ташкилоти ибтидоии мазкур Садиров Шамсулло вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ  давоми  нуҳ моҳи соли 2023 ҳисобот дод. Мавсуф  қайд намуд, ки  ташкилоти ибтидоии “Матлуботчиён” дар тӯли нуҳ моҳи сипаригардида корҳои муайянеро ба анҷом расонида, дар оянда низ барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон талош хоҳад варзид.

         Сипас, мудири бахши кор бо занони  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Намозова Холида  вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар нуҳмоҳи соли равон андешаҳои хешро изҳор дошта, ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ кард. Дар охири маҷлис таъкид гардид, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи санаҳои муҳими таърихии Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли  давлатӣ қарор дорем. Мо ҳизбиёнро зарур аст, ки ин ҷашнҳои дар пешистодаро бо роҳандозии корҳои созандагию бунёдкорӣ истиқбол намоем.