ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ДОНИШ ”

Қубодиён: Ҳисобот  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дониш”маҷлиси ҳисоботӣ оиди ҷамбасти фаъолияти нуҳмоҳа доир гардид. Дар маҷлиси мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар кори маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дониш” “Дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои давраи нуҳмоҳаи соли  2023 шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Зимни суханронӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс фаъолияти ташкилоти болозикрро дар нуҳ моҳи соли 2023 назаррас ҳисобида, ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи корӣ барои соли 2023 тавсияҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин аснои суханронӣ атрофи мавзӯҳои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии майли ҷавонон аз ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар мавзӯҳои рӯзмарра ибрози андеша намуда, изҳор доштанд, ки моро лозим аст, ки барои насли наврасу ҷавон чораҳоеро биандешем, ки дар тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии онҳо таъсиргузор бошад.