ДАР МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТИ “ПАХТАКОР” ҲАМАИ МАСЪАЛАҲО БАРРАСӢ ГАРДИДАНД

Восеъ: Ҳисобот  

Бо мақсади иҷрои нақшаи тасдиқгардида оиди баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Пахтакор-МТМУ №22” –и ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор намуданд. Зимни баргузории маҷлис ҳамаи масълаҳои дар рӯзномабуда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар идома яке аз масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, ки интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ буд, баррасӣ гардида, ҳамаи аъзоёни фаъоли ҲХДТ якдилона Искандарова Зарафшонро раиси ташкилоти зикргардида интихоб намуданд.Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши  ноҳия Неъматзода Фарзона иштирок намуда, оид ба сари вақт супоридани аъзоҳаққӣ, дуруст ҷобаҷо кардани ҳуҷҷатҳо ва ҳисоботҳои ҳизбӣ, ҳамзамон зиёд намудани сафи аъзоёни ҲХДТ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, суханронӣ намуда, бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки бо роҳи иштирок дар аксияҳои ҳизбӣ саҳми худро дар ободии як гушаи диёр гузоранд.