ИДОМАИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

А.Ҷомӣ: Ҳисобот  

Дар Ҷамоати деҳоти Ифтихор ташкилоти ибтидои ”Ифтихор” маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ доир намуд. Тибқи рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти мазкур ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуда, аз ҷониби иштирокчиён қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар рафти баргузории маҷлис тибқи бандҳои рӯзнома интихоби раис бо дастгирии аксарияти иштирокчиён ба овоз монда шуда, аз сари нав интихоб гардид. Ҳамзамон корманди масъулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Баротова Зинат ба сухан баромада, масъалаи танзими ҳаракати аъзои ҳизб, қабул намудани шахсони содиқ ва арзанда ба сафи ҳизб сухан намуданд ва  масъалаҳои дигари дар рузномаи маҷлис пешниҳодшуда баррасӣ гардида, қарорҳои дахдор қабул гардид. Баъдан аъзоёни ташкилоти ибтидоии номбурда ба сухан баромада, ҳамагонро барои пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолият ва таъсисёби 30-солагии ҲХДТ, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки баҳри рушду нумӯи кишвари азиз, пойдор нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, якдигарфаҳмӣ, дӯстиву рафоқат сидқан талош намоем.