ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ НОҲИЯИ ВАХШ

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 22-юми августи соли ҷорӣ дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МБТИ”, вобаста ба иҷрои Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023 ва ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МБТИ” баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Раҳматуллозода Д., раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МБТИ” Ашурзода А. ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МБТИ” – Ашурзода А. ифтитоҳ намуд. Маҷлис аз руйи масъалаҳои зерин баргузор гардид.

- Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

- Ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

- Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

- Қабул ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Пас аз шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, муовин-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Раҳматуллозода Д. суханронӣ намуда, нахуст кулли иштирокчиёни маҷлисро ба ифтихори яке аз ҷашнҳои бисёр ҳам муҳими давлатӣ, ки ҳамакнун моро дар пеш аст, ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуда, дар идомаи баромад, мавсуф роҷеъ ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пойдор ва устуворсозии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадаф ва вазифаҳои оиномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва рисолати воқеии ҳар як узви ҳизб сухан карданд.