БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ЗАРДОЛУБОҒ"

Восеъ: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зардолубоғ-МТМУ №57»-и ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуданд.Сараввал, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зардолубоғ-МТМУ №57» оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июли соли 2022 то моҳи июли соли 2023 ҳисобот дода, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъда муайян намуд. Ҳамчунин, дар маҷлис дигар масъалаҳо низ барраси гардиданд, ки тибқи муқаррарот раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Зардолубоғ-МТМУ №57» аз нав интихоб гардид. Сипас, дар идомаи маҷлис корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ зимни баромад оиди ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз онҳо рӯёнидани 3-4 ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ¸ оиди ташаббуси 5-уми Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳо суҳбат намуд.