ИДОМАИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “Э.ХУҶАЕВ”.

Восеъ: Ҳисобот  

Бо мақсади иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Э. Хуҷаев МТМУ №46»-и ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Э. Хуҷаев МТМУ №46» оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дода, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаро муайян намуд. Тибқи муқаррарот бо дастгирии аксарияти аъзоён раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Э. Хуҷаев МТМУ №46» аз сари нав интихоб гардид. Дар идомаи маҷлис иштирокчиён зимни баромад оиди тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастиву худшиносии миллӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷалби онҳо барои адои хизмати Ватан-Модар, оиди ташаббуси 5-уми Пешвои маҳбуби миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самти ҳифзи пиряхҳо, инчунин истифодаи оқилона ва мақсадноки заминҳои кишоварзӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз замин ва захираи маводҳои ғизоӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаонӣ суҳбат намуданд.