ҶАМЪБАСТИ ШАШМОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ЗДЗ”

Қубодиён: Ҳисобот  

Санаи 3-юми августи соли ҷорӣ   дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ЗДЗ" бо иштироки  Хаимова Малоҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён маҷлиси чаъбастии шашмоҳа баргузор гардид.

Маҷлисро раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ЗДЗ” оғоз намуда ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос намуд.

Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЗДЗ” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда" ҳисобот дод.

Дар идомаи маҷлис Хаимова Малоҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён зимни баромад оиди ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкории Ватани азизамон даъват ба амал овард.