МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТИ “БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ”

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 4-уми августи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии Ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз рӯи масъалаҳои зерин баргузор гардид:

- Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда;

- Ба роҳбарӣ гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

- Интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ;

- Қабул ба сафи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Дар маҷлиси-ҳисоботӣ-интихоботӣ муовини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш Раҳматуллозода Д. раиси ТИ ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок намуданд. 

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ Гадоев Раҳмоналӣ фаъолияти солонаро аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июли соли 2023 ба шунавандагон ҳисобот доданд. Инчунин вазифаҳоро барои давраи ояндаи ташкилот муайян намуданд. Аз ҷумла дар баромадашон гуфта шуд, ки дар тамоми ҳамин давра нақшаҳои моҳона иҷро гардидааст.

Вобаста ба масъалаи дуюм “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ба ҳозирин расонида шуд, ки ҳар як аъзо дар ин давра боз ҳам содоқати худро нисбат ба ҲХДТ нишон дода тавонад.

Бо дасгирии кулли иштирокчиён Гадоев Раҳмоналӣ ба вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Дар баромади хеш Раҳматуллозода Д. шунавандагонро хотиррасон намуд, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои шаҳрвандии худро иҷро намоянд.

Дар охир Раҳматуллозода  Д. зикр намуд, ки истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон заминаи дурусти захирасозӣ барои фасли сармо мебошад.