ИДОМАИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “СУЛҲОБОД”.

Восеъ: Ҳисобот  

Бо мақсади иҷрои ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сулҳобод-МТМУ №20»-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.Сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сулҳобод-МТМУ №20» Ҳафизов Сӯҳроб оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот дода, вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаро муайян намуд. Тибқи муқаррарот Ҳафизов Сӯҳроб бо дастгирии аксарияти аъзоён аз сари нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сулҳобод-МТМУ №20» интихоб гардид. Дар идомаи маҷлис иштирокчиён зимни баромад оиди тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастиву худшиносии миллӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷалби онҳо барои адои хизмати Ватан-Модар, инчунин истифодаи оқилона ва мақсадноки заминҳои кишоварзӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз замин ва захираи маводҳои ғизоӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаонӣ суҳбат намуданд.