ДАР МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ҲАМАИ МАСЪАЛАҲОИ РӮЗНОМАИ МАҶЛИС БАРРАСӢ ГАРДИДАНД.

Восеъ: Ҳисобот  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тугарак-МТМУ №11”–и деҳаи Тугараки ҷамоати деҳоти Тугарак иштирок намуданд. Дар маҷлис ҳисоботи аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии болозикр оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот ироа гардид ва баъдан масъалаи навбатии маҷлис баррасӣ гардида, дар он Сулаймонов Қудратулло раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид. Ҳамин тариқ ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар кори маҷлис мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар иштирок намуда, оиди сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои кишоварзӣ, захираи кофии маводи ғизоӣ барои фасли сармо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суханронӣ намуд.