Террор – ин зарар ва хатар мебошад

Темурмалик: Вокуниш  

 ВОКУНИШ: Терроризм ин яке аз зуҳроти номатлуб буда, яке аз омилҳои имконнопазир дар ҷомеаи имрӯза мебошад. Дар шабакаҳои телевизионӣ имрӯзҳо дида истодаем, ки чи корҳоеро террористон анҷом дода истодаанд. Кирдорҳои номатлубашон  хеле зиёданд рӯзе нест дар давлатҳои тараққикарда амалҳои номатлуби худашонро ба навор гирифта, дар шабакаҳои “ИНТЕРНЕТӢ” пахш накунанд.  Ё  ин, ки ҷавонони бефаҳмро  бо худашон пайваст накунанд,одамони бегуноҳро бераҳмона ба қатл мерасонанд. Вале сад афсус,ки баъзе ҷавонҳои гумроҳи бесавод бо ин ниҳод пайваст шуда шаъну шарафи худ ва оилаашонро паст мекунанд. Боре онҳо фикр намекунад, ки ин амалҳояшон беҷазо нахоҳад монд. Дер ё зуд ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ хоҳанд афтид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки ин зуҳурот як вирусе дар ҷомеа мебошанд. Ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худашон нахоҳад расид. Онҳо ҷавононро бесавод ё гумроҳ гуем хато намекунем  Зеро дар дохили кишвар касе онҳоро ҷонибдорӣ намекунанд. Аммо ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ  сипос, ки муқобили ин зуҳурот муборизаи шадид мебаранд. Ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд, ки ба кишвари азизи мо осеб расад.Сади роҳи фаъолияти амалҳои террористии онҳо мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин байён намудааст:  “ Террорист ватан, дин, ва мазҳаб надорад ”.Оре рост асту ҳақ. Агар мазҳабу дини воқеӣ медошт ҳеҷ гоҳ амали террористӣ анҷом намедод. Пешвои миллат ҳамеша дар баромадҳояшон таъкид мекунанд, ки ҷавонҳо бо ин зуҳурот ҳамроҳ нашаванд. Ҳар кас худаш қазоват кунад, ки ҳамин зуҳурот чӣ саҳме дар ҷомеа гузоштаанд? Ба ҷуз зарар чизе намебинем, чӣ илоҷ, ба ҳамин хел бе виҷдонҳо боз бесаводони мо ҳамроҳ мешаванд.   

Табарова Парвина  - аъзои фаъоли  ҲХДТ