ЗУРОВАРӢ БА КӮДАКОН – АМАЛИ НОРАВОСТ.

Темурмалик: Вокуниш  

Зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон кирдори ғайри қобили қабул аст, ҳатто аз ҷониби волидайн нисбат ба фарзандони худ. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 69) муқаррар намудааст, ки яке аз волидон падар ё модар метавонанд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд,агар онҳо ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз ҷумла нисбати онҳо зӯроварии ҷисмонӣ ё рӯҳиро раво бинанд, азҳуқуқи падару модарии худ суиистифода намуда, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сӯиқасд намоянд. Дар моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “модар ва кӯдак таҳти ҳимоя ва сарпарастии махсуси давлат қарор доранд”. Ғайр аз он, Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” пешбинӣ кардааст, ки волидон бояд шаъну шарафи фарзандонро эҳтиром кунанд ва ба таҷовузи кӯдакон роҳ надиҳанд. Мутаассифона, баъзе волидон амалҳои зуроваронаро ҳамчун як шакли баинтизом даровардани фарзандонашоннодуруст фаҳмида, истифода мебаранд. Ҷазои ҷисмонӣ (зӯроварӣ)ин роҳи ба зудӣ, бароҳат ва итоаткор кардани кӯдак,кӯшиши боздоштани рафтори номатлуб мебошад, аммо дар асл он намунаи зӯроваронаест, ки дар тарбияи фарзанд харобкунанда аст. Ҷазо рафтори бадро манъ намекунад (ё муваққатан манъ мегардад), кӯдак рафтори худро пурра дарк намекунад, зӯроварӣ дар тӯли солҳо дар ӯ афзоиш меёбад, ки ин ба мушкилоти рушди шахсият оварда мерасонад ва оқибатҳои манфии зиндагии ояндаи ӯро ба бор меорад. Зӯроварӣ дар оила зуҳуроти маъмултарини иҷтимоӣ  дар ҳама ҷомеаҳо, сарфи назар аз рушди иқтисодии кишвар, мазҳаби қабулшуда ва забони муошират мебошад. Таъсир ва оқибатҳои зӯроварӣ дар оила, ки бо зӯроварӣ алоқаманданд, бениҳоят манфӣ буда, мутаассифона, дар ҷомеа аксар вақт нодида гирифта мешаванд.Тоҷикистон узви Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон (КБТЗ) мебошад ва Эъломияи Ассамблеяи Генералии Созмони Милалро дар бораи барҳам додани зӯроварӣ нисбати занон имзо кардааст. Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳад, занон нисбат ба мардон бештар ҷабрдидаи зӯроварӣ дар оила мебошанд. Ин аз табъизи гендерӣ вобастагӣ дорад, яъне занон аксар вақт наметавонанд ба мардони таҷовузкор вокуниши ҷисмонӣ нишон диҳанд, аз ин лиҳоз онҳо ба ҳама гуна зӯроварӣ, аз ҷумла шаҳвонӣ осебпазир мебошанд.Ҳолатҳои зиёди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба интихоби занҳо (ҷабрдидагон) таъсир мерасонад, ки оё дар муносибатҳои зӯроварона тоқат кунанд ва ё ҷабрдиҳандаро тарк кунанд. Зани латукӯбшуда аз сабаби ноумедӣ дар муносибатҳои зӯроварона боқӣ мемонад: ӯ ҷои зисти алтернативӣ надорад, илм надорад,кор намекунад, воситаҳои молиявӣ барои дастгирии фарзандон надорад, аз сабаби зӯроварии чандинсола худро нотавон ва дар ҳолати хорӣ ҳис мекунад, аз ҷомеа шарм медорад, ӯ аз андешаҳои хешовандон ва сокинони маҳалла аз он метарсад, ки онҳо ба ивази кӯмак намудан, ба ҳолатҳои ба вуқӯъ омада,занҳо (ҷабрдида) – ро  айбдор мекунанд. Ҷабрдидаи зӯроварӣ дар оила дар робита бо сабаби дилбастагии эмотсионалӣ ва тарси ҷабрдиҳанда, эътиқод дар бораи он,ки кӯдакон бояд бо падари худ ба воя расанд, ёмулоҳизаҳои дигари шахсии худ метавонад дар оила боқӣ монад. Ҷабрдида инчунин метавонад аз таҳдидҳои ҷабрдиҳанда тарсад, ки ӯ ба фарзандон ва хешовандони ӯ зиён нарасонад, ҳамчунин аз талоқи фаврии динӣ дар ҳолати муроҷиат намудан ба кӯмак метарсад.

Ширмои Маҳмадсаид:-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Темурмалик.