ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКРО ТОЗА НИГОҲ ДОРЕМ.

Темурмалик: Андеша  

     Забон ин василаи ҳастии давлат, ифодакунандаи рамзи миллат ва воситаи муҳимтарини алоқаи байни инсонҳо ба шумор меравад. Дар кишвари мо бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ ҳамчун муқаддасоти давлатӣ эълон гардида, он чун дастоварди таърихӣ ҳифз карда мешавад. Донистан ва ҳифз кардани забони давлатӣ ин эҳтиром ба миллат ва арзишҳои миллӣ мебошад.

Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз ҷомеаро ба ташвиш меорад, махлутсозии забони ноби тоҷикӣ бо дигар забонҳо мебошад. Шахсан ман сабаби асосии ин вазъиятро дар он мебинам, ки имрӯз модарони ҷавон телефонҳои мобилӣ, планшет ва оинаи нилгунро ягона воситаи оромкунии кӯдак медонанд. Ҳамарӯза кӯдакони 1-2- соларо мушоҳида менамоем, ки соатҳои зиёд аз ҷой наҷунбида, тавассути телефонҳои мобилӣ ва оинаи нилгун филмҳои тасвирӣ тамошо мекунанд. Модарони онҳо бениҳоят хурсанд ҳастанд, ки воситаи дилхушии фарзандонашонро ёфтаанд. Модарони ҷавон фикр намекунанд, ки аввалан қувваи босираи фарзандонашон суст мешавад, баъдан фарзандонашон бо забони беолоиши тоҷикӣ дуруст гуфтугӯ карда наметавонанд.

Падару модароне ҳастанд, ки ба кӯдаконашон планшет тӯҳфа мекунанд. Албатта, мо дар асри технологияи навин умр ба сар бурда истодаем. Фарзандони мо хоҳ нохоҳ таҷҳизотҳои техникиро самаранок истифода менамоянд, вале намедонанд, ки истифодаи аз меъёр зиёди он ба саломатӣ зарараовар аст. Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар дарсҳо хонандагони синфҳои болоӣ иншо ва нақли хаттӣ менависанд. Натиҷаи санҷиш маълум мекунад, ки қариб 20 фоизи калимаҳои истифода кардаашон ғайритоҷикӣ буда, мазмун ва балҳои баҳо паст мешавад. Онҳо аз саҳар то бегоҳ дар назди оинаи нилгун нишаста, силсилафилмҳои хориҷӣ, аз ҷумла, филмҳои зӯроварию ҷангӣ тамошо мекунанд. Хоҳем нахоҳем фарҳанги бегона ба равони кӯдакон таъсири худро мерасонад ва бо тамошои филмҳои мазмуни зӯроваридошта аз хурдсолӣ дар ниҳодашон ҳисси интиқомгирӣ, роҳҳои шиканҷа додан, куштор, одамрабоӣ, фаҳшу ваҳшатгароӣ (терроризм) бедор мешавад. Дар ин сурат шумо тасаввур кунед, ки ояндаи фарзандонатон чӣ мешавад?

Хуб мешуд, ки модарони ҷавон ба мисли давлатҳои пешрафта  шабҳо кӯдаконашонро ба хондани афсонаву ҳикояҳои тарбиявӣ хобонданду ба ҷойи планшет барои онҳо китобҳои шавқовари расмдор ва китобҳои афсона, барои бачаҳои синфҳои болоӣ китобҳои бадеӣ харидорӣ намоянд.

Волидайн барои бедор шудани рағбат ва баланд бардоштани ҷаҳонбинии фарзандон бояд, ки дар ҷевони хона рафи китобҳои бадеиро зиёд намуда, онҳоро руҳбаланд намоянд, ки дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва дигар озмунҳо иштирок намоянд. Тамошои зиёди сериалҳои туркӣ, ба либоспӯшии бонувони мо низ таъсири бад гузоштааст.  

Пешвои миллат санаи 9-марти соли ҷорӣ дар суханронии хеш бо аҳли зиёи кишвар таъкид намуданд, ки мо дар раванди ҷаҳонишавӣ набояд рӯ ба фарҳанги бегона орем. Аз беназоратии баъзе падару модарон ҷавондухтарон имрӯз ба либоспӯшии туркӣ тақлид менамоянд ва ба либоси миллии тоҷикӣ кам таваҷҷуҳ доранд. Бояд қайд намуд, ки як паҳлӯи коҳиш ёфтани фарҳанги либоспӯшии тоҷикӣ дар ин аст, ки занону духтарони тоҷик бештар ба силсилафилмҳои туркӣ рӯй овардаанд. Пешвои муаззами миллат чӣ қадар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки либосҳои миллии тоҷикона аз байн нараванд. Ҳамасола ҳар гуна озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили “Сад ранги чакан”, “Чакомаи гесӯ”, “Мо тоҷикона мепӯшем” баргузор мегарданд, то ин ки фарҳанги бою пурғановати тоҷикӣ аз байн наравад. Баҳри рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ корхонаҳои саноатии атласу адрасбофӣ сохта шуда, дӯконҳои хурди чакану гулдӯзиҳо бунёд гардидаанд ва аз андоз озоданд то ки соҳибкориашон равнақ ёбаду анъанаҳои миллӣ ривоҷ дода шавад. Вале афсӯс, ки аксари ҷавондухтарон ғамхориҳои Сарвари кишварамонро нодида гирифта, тақлидкунон рӯ ба фарҳанги кишварҳои бегона меоранд.

Ҳусни ҳақиқии зан, назокату нафосати ӯст ва ин фазилати олии кулли бонувон аст. Дар тарзи либоспӯшӣ на танҳо зебоӣ, балки гуфтору рафтор, одоби муошират ва ҳатто хулқу атвори ҳар як бону зуҳур меёбад. Ва зан он вақт зебо менамояд, ки ҳусни маънавӣ бо ҳусни табиӣ алоқаманд бошад. Занонро оинаи чеҳранамои миллат мегӯянд. Пироҳани тоҷикӣ ин нишонаи ҳунару фарҳанг ва тамаддуни миллат аст ва моро водор месозад то онро ба ҳайси ёдгории ниёгон эҳтиёт намуда ва ҳамчун ҳунари зебо ва фарҳанги ғанӣ ба ҷаҳониён муқаррифӣ кунем. Фарзандони худро дар рӯҳияи фарҳангдӯстӣ, ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ тарбия намуда, фарҳанги пурқимат ва анъанаҳои пешинро гиромӣ дорем. Забони ноби хешро аз ҳаргуна олоишҳо ҳифз намуда, аз пӯшидани либосҳои бегона дурӣ биҷӯем.

 

                    Сабоҳат Урозова  аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон