ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМИ ИНТЕРНЕТӢ

Темурмалик: Вокуниш  

Яке аз масъалаҳои ташвишоваре, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои тундраву ифротӣ мебошад. Дар ҷомеаи имрӯза ҳастанд ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои эктремистӣ ва террористӣ ҳамроҳ шуда, баъдан пушаймон мешаванд ,ки мутаассифона ин барои худи онҳо ва оилаву наздиконашон мушкилиҳои зиёдеро ба миён меорад. Сабаби шомил шудан ба ин гуна гурӯҳҳо, пеш аз ҳама аз бесаводӣ аст. Яъне баъзе ҷавонон баъди хатми мактаби миёна, бо мақсади пайдо кардани ризқу рӯзӣ роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд. Он ҷо дур аз падару модар бе назорат монда, бо корҳои ношоям даст зада, аз оқибаташ фикр намекунанд.Имрӯз дар радифи вожаи компютер вожаи дигаре бо номи Интернет вирди забонҳо гаштааст. Интернет, ки як шабакаи глобалӣ ба шумор меравад, таваҷҷуҳи тамоми наврасону ҷавонон ва ҳатто калонсолонро ба худ ҷалб намудааст.Агар дар рӯи дунё чил фоизи истифодабарандагони шабакаҳои интернетро корхонаҳо, бонкҳо ва муассисаҳои гуногуни илмию таълимӣ ташкил диҳанд, шаст фоизи боқимондаи он наврасон ва ҷавононанд. Фаромӯш набояд кард, ки сабабгори ба гурӯҳҳои эктремистӣ ва террористӣ шомил шудани наврасону ҷавонон аксаран барномаҳои мухобиратӣ Imo, Viber, Whats-App, Skype, Ok, Instagram, Telegram, сабаб мешаванд, чунки инҳо воситаҳои паҳнкунандаи иттилоотанд.

          Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: Баъзе қувваҳои эктремистӣ ва террористӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсии худ таҳти ишораҳои исломӣ ба кирдорҳои ношоиста даст зада, дини исломиро бадном месозанд.

          Терроризм рӯз то рӯз дар паси номи дини ислом худро пинҳон гардонида, ба воситаи идеологияи динӣ як қатор ҷавонон ва наврасонро ба вартаи марг мекашонад. Сабабгори ҳамаи ин омилҳо надонистани саводи кофии динӣ ва дунявӣ мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии интернетро хуб омӯхта, ба душманон бо забони худашон ҷавоби қатъӣ диҳем.

Меҳрангез Шукурова, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон