Таърихи ҲХДТ

Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёдро интихоб намуд, ки яке аз принсипҳои меҳварии бунёди чунин ҷомеа гуногунандешии сиёсӣ аст. Дар асоси талаботҳои ҷомеаи демократӣ ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ одамони ҳамфикру ҳамақидаро бо ҳам муттаҳид менамояд ва онҳо дар чаҳочўбаи қонунгузории кишвар ҳуқуқ доранд ҳизби сиёсӣ таъсис диҳанд. 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат бошад маҳз дар ибтидои соли 1993 сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд.

Вобаста ба ин 12 июни соли 1993 Кумитаи тадорукоти таъсис дода шуд. Кумитаи тадорукотӣ ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбҳои навтаъсиси демократии Русия, Ҳизби сотсиал-демократи Олмон, Ҳизби демократии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дунёро омўхта, ба хулосае омаданд, ки ҳизби нав бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад.

Пешвои миллат пайваста таъкид мекарданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо сарчашма гирад ва он бояд пеш аз ҳама ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда созад.

Дар чунин шароит Сарвари давлат шахсан дар ҷараёни таъсиси ҳизб, ки он вақт қарор дошт, ҳар як санади ташкилии ҳизбро бевосита мутолиа ва таҳрир карда, барои такмили он дастуру супоришҳо медоданд. Ҳадафи Роҳбари давлат аз он иборат буд, ки ҳизби нав ҷавобгўи манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеа бошад.

Қарор дода шуд, ки дар Оиннома ва Барномаи ҳизби нав меъёрҳои демократӣ ҳамчун асос қабул карда шаванд.

Ҳамин тавр ҳадафҳои мазкурро Кумитаи тадорукотӣ дар ҳамаи минтақаҳо тарғибу ташвиқ карда, паҳлуҳои муҳиму аҳамиятноки онро ба мардум мефаҳмонданд.

10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.

15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Тоҷикистонро таҳти №199 расман ба қайд гирифт.

30 марти соли 1996 Анҷумани 2 – юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида буд.

25 июни соли 1997 Анҷумани 3 – юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида, ибораи “Демократия” ба номи ҳизб ворид карда шуд ва аз ҳамон муҳлат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ном бурда мешавад.

18 апрели соли 1998 Анҷумани 4 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман раиси ҳизб интихоб намуд.

23 сентябри соли 1999 Анҷумани 5 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.

Ҳизб ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рўзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзоёнаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули сохтори давлатдории нав нақши муҳимро бозад.

Баъд аз таъсиси ҲХДТ дар кишвари мо шаш маротиба интихоботи Парлумонӣ (солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015, 2020) ва 4 маротиба интихоботи Президентӣ (солҳои 1999, 2006, 2013, 2020) баргузор гардидааст.

Дар ҳамаи ин маъракаҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бартарияти бештарро соҳиб гардида, номзадҳои аз ҳизб пешбаригардида раъйи бештари мардумро ба даст овардаанд. Ин дастовардҳои бузургтарини ҳизб дар замони фаъолияташ аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохтори комил ва шеваи фаъолияти ба худ хосро доро буда, барнома ва стратегияи давлат меҳвар ва асоси фаъолияти ин ҳизб аст.

Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби масъулияти таърихидошта ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ифтихори ватандорӣ ва асолати миллӣ, таъмини ризоияти ҷомеа тавассути ҷалби шаҳрвандон ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кўшиш ба харҷ медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои пешқадами афкори ҷомеаро эҷодкорона татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва муносибаташ бо дин дастгирӣ менамояд ва беҳтарин анъанаҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро эҳё ва ҳифз месозад. Ҳизб ҳама гуна таассуби динӣ, экстремизми сиёсӣ, терроризм ва ифротгароии сиёсиро маҳкум намуда, ба муқобили ин зуҳуроти манфӣ мубориза мебарад.

Он бо мақсади баланд бардоштани некўаҳволии халқ, рушди иқтисод дар заминаи ҳама гуна шакли моликият, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ва муттаҳидии тамоми қувваҳои солими ҷомеа кўшиш ба харҷ медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсие, ки дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар фаъолияташонро ба роҳ мондаанд, ҳамкорӣ дорад.