ВОХУРИҲО БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧИЛЧАҲ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули “Хона ба Хона” вохӯриҳои судманд доир карда шуд. вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, муовини раиси ноҳия Айниддини Аслиддин, Сардори  бахши кумитаи ҲФ ва мудофиаи граждани ноҳия  Шарипов Пайрав ва Мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ноҳия Ғуломова Хуршеда бо сокинони Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ ноҳия вохӯрда, вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом доданд.Дар вохӯрӣ оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободонию созандагӣ, татбиқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилию хориҷии кишвар, риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон, истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, захираи дусолаи маводи ғизоӣ, ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.