ГУЛШИНОНӢ АЗ ҶОНИБИ АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ШАРИФХОНИ МИРЗО»

Ховалинг:  

Фасли баҳор-фасли зебо ва аруси сол мебошад. Дар ин фасл ҳама мардуми сарбаланди кишвар ба тозаву озода намудани хонаву дар ва саҳни ҳавливу куча оғоз менамоянд. Ҳамзамон шинонидани дарахзту гулҳои оришӣ ва нарм кардани бехи онҳо яке аз корҳои баҳорӣ мебошад.

Кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шарифхони  Мирзо» имрӯз ба ин анъана ҳусни оғоз бахшида саҳни коргоҳро хокгардон карданд ва навъҳои гуногуни гулҳои ороишӣ шинониданд, ки ба ҳусни коргоҳ зебогии дигар зам менамояд.

Ин коллективи муваффақу меҳнатдӯст, ки сарчашмаи тарбияи насли наврас мебошанд, бо ҳар як амалу рафтори меҳнатдӯстиву ватанпарастиашон намунаи ибрати дигар коллективҳои меҳнатианд