Истифодаи самараноки замин аз тарафи сокинони ноҳия

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сокинони ноҳияи Ховалинг-аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон аз ҳар як рӯзи офтобӣ истифода намуда, қитъахзамини ба уҳдадоштаашонро смаранок истифода менамоянд.

Онҳо тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисис муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, кӯшиш менамоянд, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта, бекор намонад ва аз як замин ду-се ҳосил бардошта, аҳли оилаи худро бо маводҳои ғизоӣ таъмин созанд.