Суҳбати манфиатбахш бо аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Ховалинг: Созандагони ватан  

Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо хонандагон-аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» вохӯрӣ доир намуда, перомуни мавзуъҳои доғи рӯз, ифротгароёни исломӣ, гурӯҳҳои иртиҷоиву фитнаангез, террористиву экстремистӣ суҳбат оростанд.

Зимни сухбат ба хонандагон бобати фаъолияти гурӯҳҳои номбурда ва мақсаду ҳадафи онҳо ба хонандагон ҳушдор доданд

Хонандагон-аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз ин суҳбат дарк намуданд, ки гурӯҳҳои фитнаангезу террорист бо мақсаду ҳадафҳои худ оромиву осоиштагии моро барҳам задан мехоҳанд ва  мехоҳанд тавассути фиребу найранг ва шиорҳои дуруғини худ ҷавононро шомили худ гардонанд.

Аз ин рӯ хонандагон-аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» тасмим гирифтанд, то зиракии сиёсиро аз даст надода, худро аз чунин гурӯҳҳо канор бигиранд.