Саҳми муносиби кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар бунёди арчазор.

Ховалинг:  

Дар фасли баҳор, мавсими кишту кор ва рӯзҳои мусоиди офтобӣ сокинони ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аз ҷумла ҷонибдорон ва аъзоёни ҲХДТ кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳандаро пешаи ҳамешагии худ қарор дода, мунтазам пайи ин амал камари ҳиммат баста истодаанд.

Ҳамин аст, ки саннаи 25-уми апрели соли равон дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ қитъаи замин, ки аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг барои бунёди арчазор ҷудо гардидааст,

Ҳамаи коллективҳои меҳнатӣ аз ташкилоту муассисаҳо, бобати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ,ҳифзи тозагии муҳити зист ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, хусусан коллективи кормандони Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ширкат намуда, саҳми муносиби худро дар шинонидани  арчазор  гузоштанд.