Сафи аъзоён ба ҲХДТ зиёд мегардад

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг фаъолияташро дар самти худ ҷоннок намуда, ҳамарӯза миёни аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Дар рафти суҳбат бештар аз дастовардҳои имрӯзаи кишвар ва саҳми муносиби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини зиндагии орому ошоистаи аҳолӣ суханронӣ менамоянд. Натиҷа ҳамин аст, ки имрӯзҳо сафи аъзоён ба ин ҳизби бунёдкору созанда зиёд гардида истодааст.

Соҳибкорони бозори марказии ноҳия тасмим гирифтаанд, ки ихтиёран ба аъзогии ҲХДТ шомил гардида, ташкилоти ибтидоии худро таъсис диҳанд.